Раҳмон ва Мирзиёев мулоқоти сеҷониба, ки бояд дар Хуҷанд гузарад, баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев. Архивное фото
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Обуна шудан
Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон мулоқоти сеҷонибаро, ки дар охири моҳи март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, дар тамоси телефонӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар суҳбати телефонӣ дар бораи мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки қарор аст, дар охири моҳи март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад, табодули афкор намуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон қаблан хабар дода буд, ки дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон тавофуқномаеро дар бораи нуқтаи марзии муштарак ба имзо хоҳанд расонд.
Мулоқоти сарони се кишвари ҳамсоя рӯзи 31 март дар назар аст.
Дар суҳбати телефонӣ раисони ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Афзоиши шумори корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон дар Узбекистон
Ҳамчунин президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев раҳбари Тоҷикистонро ба муносибати ба имзо расонидани Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шодбош гуфтанд.
Раҳмон ва Мирзиёев дар ин суҳбати телефонӣ ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҷадвали вохуриҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар намуданд.
Дар моҳи апрели соли 2024 Мирзиёев бо як сафари давлатӣ ба Душанбе сафар карда буд. Дар пайи музокироти дуҷониба руасои ҷумҳури Узбекистон ва Тоҷикистон созишнома дар бораи равобити иттифоқӣ миёни ду кишварро ба имзо расонданд. Ҷонибҳо ҳамчунин 28 санади дигари ҳамкории дуҷониба имзо карданд.
Илова бар ин, раҳбарон дар назди ҳукуматҳо вазифа гузоштанд, ки ҳаҷми муомилоти мол байни ду ҷумҳурӣ то солҳои наздик ба 600 миллион доллар расонида шавад.
Лентаи хабарҳо
0