Ҳушдори обуҳавошиносон аз борогариҳои пуршиддату сар задани зуҳуроти сел

© iStock.com \ GermanovichСилуэт человека с зонтом за окном с каплями дождя
Силуэт человека с зонтом за окном с каплями дождя  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик аз ноустувории ҳаво дар кишвар ҳушдор додан ва қайд карданд, ки дар аксари минтақаҳои кишвар боришоти пушршиддати борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар водиҳо боришоти борон, инчнин дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ боришот (борон, барф) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат меборад.
Қайд карда шудааст, ки рӯзи 25 март дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
“Рӯзҳои 24-25 март дар ноҳияҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур нест”,- қайд кардаанд обуҳавошиносони тоҷик.
Агентӣ ҳушдор додааст, ки то 28 март бар сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат дар шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе - Чаноқ - Хуҷанд (километрҳои 48-74-уми шоҳроҳ) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Борон, раъду барқ ва сел: обуҳавошиносон аз якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво мегуянд
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки рӯзҳои 25-27 март бо сабаби боришоти бошиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об ва дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳии ҷумҳурӣ сар задани сел эҳтимол дорад.
Ин ниҳод ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0