Борон, раъду барқ ва сел: обуҳавошиносон аз якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво мегуянд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДевушка поз зонтом в осеннем парке
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносии тоҷик дар ҳудуди кишвар 27-28 август якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, борон ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносони тоҷик 27 август дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ва 28 август дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ борони бошиддат меборад.
Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 32 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона то 8 дараҷа гарм, рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Қадрдонии Шарипов барои наҷоти марди солхӯрдаю кӯдак аз коми сел
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳаво рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 15 дараҷа гарм, рӯзона аз то 33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0