Тоҷикистон дар сегона: Маълум шуд ба Узбекистон бештар аз кадом кишварҳо гардишгар меравад

© Sputnik / Актан ТемиркановМедресе Тилля-Кари в Самарканде
Медресе Тилля-Кари в Самарканде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Обуна шудан
Тибқи омори расмии давлати Узбекистон танҳо дар давоми як моҳ ба ин ҷумҳурӣ ним миллион нафар гардишгари хориҷӣ сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар як моҳи соли равон наздик ба 201 ҳазор гардишгар аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя Узбекистон сафар кардаанд.
Дар ин бора Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи гардишгароне, ки бештар ба Узбекистон ворид шудаанд, Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳо ворид шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳи январи соли 2025 ба Узбекистон 678,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ворид шудаанд.
Шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 158,5 ҳазор нафар ё 30,5 фоиз зиёд шудааст.
Российские туристы в Пенджикенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2025
Тоҷикистон мунтазири ширкатҳои русӣ барои рушди зерсохтори сайёҳӣ аст
Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки моҳи январи соли 2025 бо мақсади сайёҳӣ вориди Узбакистон шудаанд, аз рӯи кишварҳо:
Қирғизистон – 211 262 нафар;
Тоҷикистон – 200969 нафар;
Қазоқистон – 105551 нафар;
Русия – 48695 нафар;
Афғонистон – 42733 нафар;
Туркманистон — 26154 нафар;
Туркия – 11660 нафар;
Ҳиндустон – 5049 нафар;
Чин – 4988 нафар;
Кореяи Ҷанубӣ – 2896 нафар;
мамлакатхои дигар — 18718 нафар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки танҳо ҳар шашумин шаҳрванди Узбекистон имкони сафар карданро дорад. Қирғизистон машҳуртарин макони сайёҳии шаҳрвандони Узбекистон будааст.
Лентаи хабарҳо
0