https://sputnik.tj/20250324/ashkhoi-shodi-mahbus-afvshuda-khujand-video-1066702383.html
Ашкҳои шодӣ: 160 маҳбуси афвшуда дар Хуҷанд озод шуд - видео
Ашкҳои шодӣ: 160 маҳбуси афвшуда дар Хуҷанд озод шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар асоси Фармони Президенти кишвар аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Хуҷанд 160 маҳбус озод карда шуд
2025-03-24T18:53+0500
2025-03-24T18:53+0500
2025-03-24T20:21+0500
видео
афв
эмомалӣ раҳмон
хуҷанд
суғд
зиндон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/18/1066702166_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_cb465d2ba478cbcc8d1e86cac82945a8.jpg.webp
Аз ҷумла аз зиндони рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд 160 нафар маҳкумшудаи бахшидашуда ба хонаҳои худ рухсат шуданд.Хешу табор ва наздикони маҳкумшудагон аз ин фармони раисҷумҳур истиқбол карданд.Пайвандони маҳбусони бахшидашуда аз субҳ назди дарвозаи зиндони рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада буданд то наздикони худро пешвоз гиранд.Аз зиндонҳои Тоҷикистон боз 697 маҳбус ба озодӣ баромадХонаводаи зиндониён ҳангоми интизорӣ ашки шодиашонро дошта натавонистанд.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаи озодшавӣ зиндониён ва эҳсосоти пайвандони онҳоро ба навор гирифт.Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта, 20-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон "бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон" фармонеро имзо кард, ки тибқи он гуноҳи 897 зиндонӣ, бахшида шуд.Афви Наврӯзӣ: Раҳмон гуноҳи наздик ба 900 маҳбусро бахшидБори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ авфи саротосари эълон шуда буд, ки дар он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/18/1066702166_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_aa826c57879c65858e8fbc24093b43f6.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зиндон, хуҷанд, афв, озодшавӣ, наврӯз, ҷашн, ашки шодӣ
зиндон, хуҷанд, афв, озодшавӣ, наврӯз, ҷашн, ашки шодӣ
Ашкҳои шодӣ: 160 маҳбуси афвшуда дар Хуҷанд озод шуд - видео
18:53 24.03.2025 (Навсозишуда: 20:21 24.03.2025) Эксклюзив
Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз дар асоси Фармони Президенти кишвар аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Хуҷанд беш аз 160 маҳбус озод карда шуд
Аз ҷумла аз зиндони рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд 160 нафар маҳкумшудаи бахшидашуда ба хонаҳои худ рухсат шуданд.
Хешу табор ва наздикони маҳкумшудагон аз ин фармони раисҷумҳур истиқбол карданд.
Пайвандони маҳбусони бахшидашуда аз субҳ назди дарвозаи зиндони рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада буданд то наздикони худро пешвоз гиранд.
Хонаводаи зиндониён ҳангоми интизорӣ ашки шодиашонро дошта натавонистанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаи озодшавӣ зиндониён ва эҳсосоти пайвандони онҳоро ба навор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта, 20-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон "бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон" фармонеро имзо кард, ки тибқи он гуноҳи 897 зиндонӣ, бахшида шуд.
Бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ авфи саротосари эълон шуда буд, ки дар он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.
Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.