Аз зиндонҳои Тоҷикистон боз 697 маҳбус ба озодӣ баромад

© SputnikАмнистия заключенных в честь Навруза
Амнистия заключенных в честь Навруза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2025
Обуна шудан
Давоми ду рӯзи ахир аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҷамъан 897 маҳбус дар асоси фармони афви роҳбари давлатба озодӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 22 март – Sputnik. Субҳи 22 март аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон боз 697 зиндонӣ ба озодӣ баромаданд, хабар дод Оҷонсии Ховар бо истинод ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, аз ҷумла 35 зан, 663 мард ва 3 ноболиғ аз зиндон озод шуданд ва акнун Наврӯзро дар ҳалқаи пайвандону дӯстони худ таҷлил мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки ин теъдод маҳбусон аз муассисаи ислоҳии низоми пурзӯр, муассисаи тарбиявии ноболиғон ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва муассисаи муолиҷавӣ дар шаҳри Ваҳдат, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва низоми пурзӯр, инчунин тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ислоҳии низоми умумӣ дар ноҳияи Ёвон, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Бохтар ба озодӣ баромаданд.
Амнистия заключенных в честь Навруза  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
200 маҳбус Наврӯзро дар хона ҷашн мегиранд
Ёдовар мешавем, як рӯз қабл дар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат 200 маҳбус, аз ҷумла 53 зан, 147 мард ва 27 ноболиғ аз зиндон раҳо шуданд.
Ин маҳбусон дар муассисаи ислоҳии низоми умумии ноҳияи Ёвон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак ва муассисаи тарбиявии ноболиғон дар шаҳри Душанбе адои ҷазо намуда буданд.
Ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ то ба қабули фармони навбатии афв аз муассисаҳои ислоҳӣ 58,2ҳазор зиндонӣ ба озодӣ баромаданд.
Лентаи хабарҳо
0