Аксизҳо, ки дар Тоҷикистон зиёд мешаванд, чӣ қадар пул ба буҷет меоранд?

© Sputnik Новое здание Министерства финансов Таджикистана
Новое здание Министерства финансов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, даромад аз аксизҳо дар буҷаи соли 2024 дар муқоиса бо нақша қариби 4% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Буҷаи давлатии Тоҷикистон соли гузашта аз ҳисоби аксизҳо қариби 1,2 млрд сомонӣ даромад гирифтааст.
Интизор меравад, ки аз моҳи май ҳаҷми андозҳои аксизӣ дар кишвар боз ҳам боло равад.
Ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, даромад аз аксизҳо дар буҷаи соли 2024 дар муқоиса бо нақша қариби 4% афзоиш ёфт.
Манбаъ таъкид кард, ки соли гузашта аз ҳисоби аксизҳои дохилӣ ба буҷа беш аз 420 млн сомонӣ ва аз ҳисоби аксизҳои хориҷӣ беш аз 760 млн сомонӣ ворид гардидааст.
Интизор меравад, ки ҳаҷми аксизҳо аз оби ҷав, майи ангур ва спирти садфоизӣ дар Тоҷикистон боло равад.
Аз ҷумла барои як литр оби ҷав меъёри аксиз аз 0,35 евро ба 0,4 евро, барои майҳои табиӣ аз ангур аз 0,5 евро ба 0,84 евро сари литр ва барои спирт аз 3,5 евро ба 4 евро барои литр расонда мешавад.
Финансовые инвестиции.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Тоҷикистон омода аст аз вомбаргҳои шариатӣ барои эҳтиёҷи буҷет истифода кунад
Аксиз барои бензин дар Тоҷикистон низ боло меравад.
Ҳаҷми пардохти аксиз барои як тон бензин аз 55 еврои ҳозира ба 70 евро баробар хоҳад шуд.
Нӯшокиҳои нерӯдиҳанда дар Тоҷикистон низ ба феҳрасти молҳои зераксизӣ ворид гардиданд.
Ҳаҷми аксиз барои як литр нӯшокии нерӯдиҳанда 0,06 евро муқаррар гардид, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазифадор шудаст, ки шарикони хориҷиро аз болоравии нишондоди аксизҳо дар кишвар огоҳ намояд.
Аз ҷумла котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил огоҳ карда мешаванд. Тағйири нишондоди меъёри аксиз дар Тоҷикистон аз моҳи май дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0