https://sputnik.tj/20250214/tojikiston-vombarg-shariati-ehtiyoji-bujet-istifoda-1066232991.html
Тоҷикистон омода аст аз вомбаргҳои шариатӣ барои эҳтиёҷи буҷет истифода кунад
Тоҷикистон омода аст аз вомбаргҳои шариатӣ барои эҳтиёҷи буҷет истифода кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия барон аст, ки механизми вомбаргҳои шариатӣ метавонад ба монанди коғазҳои қиматнок барои пӯшонидани ягон қисми буҷаи давлатӣ истифода шавад
2025-02-14T15:39+0500
2025-02-14T15:39+0500
2025-02-14T15:39+0500
дар тоҷикистон
коғазҳои арзишнок
вомбарг
аҳкоми шариат
исломӣ
бонк
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066231970_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9b0713237d17f3e1c75a00d750980d03.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон метавонад ба истифодаи вомбаргҳои шариатӣ дар бахши давлатӣ оғоз намояд.Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз ин механизм метавон мисли коғазҳои қиматнок барои пӯшонидани як қисми буҷаи давлат истифода кард."Ҳоло ҷалби онҳо барои мо лозим нест, аммо дар сурати мӯътадил шудани вазъ дар бозорҳо мо аз ин имкон истифода хоҳем кард", - шарҳ дод Қаҳҳорзода.Дар пасманзари афзоиши сармоягузории Кувайт, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои нафтии Ховари Миёна, вазир таъкид кард, ки Вазорати молия омода аст “сукук”-ро, ки аз рӯи шариат баробар ба коғазҳои қиматнок аст, истифода барад.Ёдовар мешавем, ки соли 2014 Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон лоиҳаи "Қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон"-ро тасвиб кард.Бонкҳои исломӣ бахусус дар пасманзари бӯҳрони ҷаҳонии соли 2008, ки як сабаби асосиаш қарзҳои бонкӣ гуфта мешуд, шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Дар ҷараёни он бӯҳрон ба фарқ аз бонкҳои ғарбӣ, ки пайиҳам варшикаста мешуданд, бонкҳои исломӣ дучори мушкил нашуданд. Баъди он бӯҳрон, бисёре аз бонкҳои ғарбӣ ҳам дар таркиби худ бахшҳои алоҳидае боз карданд, ки бо меъёрҳои бонкдории исломӣ кор мекунанд.Ёдовар мешавем, ки соли 2019 "Тавҳидбонк", аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, соҳиби иҷозатнома гардида буд.Ба гуфтаи коршиносон, бархе аз сокинон тасаввур мекунанд, "бонкҳои исломӣ ниҳодҳои хайру садақа ва роҳи осони ба даст овардани қарз нестанд ва дар баробари қарз талаботи хеле сахт доранд".
https://sputnik.tj/20220422/sharhi-bonki-milli-dar-borai-ehtimoli-bonki-islomi-shudani-alif-bonk-1047873880.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066231970_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e0ec1ccc79aff05c5f52cb601175f916.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вомбарг, шариатӣ, эҳтиёҷот, буҷа, молия, коғазҳои қиматнок
тоҷикистон, вомбарг, шариатӣ, эҳтиёҷот, буҷа, молия, коғазҳои қиматнок
Тоҷикистон омода аст аз вомбаргҳои шариатӣ барои эҳтиёҷи буҷет истифода кунад
Вазорати молия барон аст, ки механизми вомбаргҳои шариатӣ метавонад ба монанди коғазҳои қиматнок барои пӯшонидани ягон қисми буҷаи давлатӣ истифода шавад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон метавонад ба истифодаи вомбаргҳои шариатӣ дар бахши давлатӣ оғоз намояд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз ин механизм метавон мисли коғазҳои қиматнок барои пӯшонидани як қисми буҷаи давлат истифода кард.
"Ҳоло ҷалби онҳо барои мо лозим нест, аммо дар сурати мӯътадил шудани вазъ дар бозорҳо мо аз ин имкон истифода хоҳем кард", - шарҳ дод Қаҳҳорзода.
Дар пасманзари афзоиши сармоягузории Кувайт, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои нафтии Ховари Миёна, вазир таъкид кард, ки Вазорати молия омода аст “сукук”-ро, ки аз рӯи шариат баробар ба коғазҳои қиматнок аст, истифода барад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2014 Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон лоиҳаи "Қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон"-ро тасвиб кард.
Бонкҳои исломӣ бахусус дар пасманзари бӯҳрони ҷаҳонии соли 2008, ки як сабаби асосиаш қарзҳои бонкӣ гуфта мешуд, шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Дар ҷараёни он бӯҳрон ба фарқ аз бонкҳои ғарбӣ, ки пайиҳам варшикаста мешуданд, бонкҳои исломӣ дучори мушкил нашуданд. Баъди он бӯҳрон, бисёре аз бонкҳои ғарбӣ ҳам дар таркиби худ бахшҳои алоҳидае боз карданд, ки бо меъёрҳои бонкдории исломӣ кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 "Тавҳидбонк", аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, соҳиби иҷозатнома гардида буд.
Ба гуфтаи коршиносон, бархе аз сокинон тасаввур мекунанд, "бонкҳои исломӣ ниҳодҳои хайру садақа ва роҳи осони ба даст овардани қарз нестанд ва дар баробари қарз талаботи хеле сахт доранд".