Афзоиши Боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди ИИАО бо суръат идома дорад

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкТрасса "Чита-Хабаровск" в Забайкальском крае
Трасса Чита-Хабаровск в Забайкальском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Обуна шудан
Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон бо суръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми интиқоли бору мусофир афзудааст.
Ба ин маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар моҳҳои январ соли 2025 (нисбат ба соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (4,5%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон – 15%, дар Беларус – 8,5%, дар Русия – 2,6%, дар Қирғизистон – 9,7% афзоишро ташкил дод.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 2,1% афзуда, дар Қазоқистон (13,8%), Қирғизистон (10,6%), Арманистон 4,5% ва Русия (1,1%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сардори Оҷонсии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ахиран гуфта буд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷумҳурӣ ба хориҷ метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, дар сурате, ки агар содироти коло тавассути ИИАО сурат бигирад.
Член Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
Кишварҳои ИИАО ният доранд, гардиши мол бо Эронро ба 12 млрд доллар расонанд
"Бисёре аз содироткунандагон ба хотири сарфаи боҷи гумрукӣ тавассути кишварҳои ИИАОмаҳсулоташонро ба хориҷ содирот мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун моли яке аз кишварҳои ИИАО ба фурӯш гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳар сол ба кишварҳои ИДМ бештар маҳсулот содир мекунад, аммо дар ин бора дар худи бозори ИДМ касе хабар надорад – на истеъмолкунанда ва на ҳатто худи харидор.
Воқеан ҳам содирот ба Русия ва дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо мушкил дар он аст, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои мухталиф бо тамғаҳои кишварҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Колоҳои Тоҷикистон бештар ҳамчун маҳсулоти кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0