Кишварҳои ИИАО ният доранд, гардиши мол бо Эронро ба 12 млрд доллар расонанд

© Foto / Пресс-служба ЕЭКЧлен Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев
Член Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
Обуна шудан
Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ният доранд табодули колоро бо Эрон ду баробар афзоиш диҳанд ва онро ба 2 млрд. доллар расонанд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Андрей Слепнев, вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бораи роҳандозии равобити тиҷоратӣ бо Эрон изҳори назар кард ва гуфт, ки созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон аз 15 май эътибор пайдо мекунад.
Вай афзуд, ки тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, созишномаи васеъмиқёс боҷҳоро миёни ИИАО ва Эрон аз рӯи қариб 90% молҳо бекор мекунад.
Тибқи ҳисобу китобҳо, ин метавонад ба афзоиши гардиши мол байни кишварҳои ИИАО ва Эрон мусоидат кунад.
"Мо интизор дорем ин ба рушди тиҷорат такони ҷиддӣ бахшад; сатҳе, ки мо ҳоло ҳадаф дорем, 2 баробар афзоиш додани тиҷорат аст. Расонидани тиҷорат то 12 миллиард доллар. Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин сатҳ ҳоло ҳам ба таври кофӣ нест", - қайд кард Слепнев.
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО ду сол аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
Тавре вазир хабар дод, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои узви ИИАО ва соҳибкорон як қатор семинарҳо баргузор мекунад.
"Мо бо шарикони эронии худ ба мувофиқа расидем, ки харитаи роҳро таҳия ва тадбирҳои мушаххасеро пешбинӣ кунем, ки ба мо имкон диҳад, созишномаро ба кор андозем".
Лентаи хабарҳо
0