Ду рӯзи Tbilisi Grand Slam 2025 барои ҷудокорони тоҷик бенатиҷа анҷом ёфт

© SputnikМеждународный турнир по дзюдо среди молодёжи в Душанбе
Международный турнир по дзюдо среди молодёжи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2025
Обуна шудан
Тоҷикистонро ҷамъан дар ин мусобиқа 8 ҷудокор намояндагӣ мекунанд ва дар дӯ рӯзи ин мусобиқа 6 нафари онҳо аллакай дучори шикаст шуданд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Ду рӯзи аввали мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 барои варзишгарон аз Тоҷикистон бебарор анҷом ёфт.
Ин мусобиқа рӯзи 21 март дар шаҳри Тбилиси Гурҷистон бо ҳузури 400 ҷудокор аз 53 кишвари ҷаҳон оғоз ёфт. Аз Тоҷикистон 8 ҷудокор сафарбар шуданд ва дар ду рӯзи аввал аллакай 6 тан аз онҳо дучори шикаст шуда, аз идомаи иштирок дар мусобиқа бенасиб монданд.
Дар рӯзи якум Магомед Фармонбеков ва Ёсин Бобокалонов ҷудокорони тоҷик майдондорӣ карданд, вале аввалӣ дар даври якум ва дуввуми дар даври дуввум мағлуб шудаанд.
Дар рӯзи дуввум Маҳмадшариф Наҷмидинов, Масъуди Аҳмадзод, Илҳомиддин Ҷабборов ва Бахтиёр Бозоров Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Джахонгир Маджидов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2025
Мақоми 12 Тоҷикистон дар мусобиқаи "Baku Grand Slam 2025"
Наҷмиддинов аз сабаби вазн накардан мусобиқаро бидуни рақобат тарк намуд.
Масъуди Аҳмадзод дар даври аввал намояндаи Кипр - Андреу Киприаносро шикаст дода, дар даври дуюм аз садди Обидхон Номанови ӯзбек гузашт. Аммо дар даври ҳаштякниҳоӣ Масъуд аз намояндаи Монтенегро Нуркович Яхя шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Илҳомиддин Ҷабборов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо намояндаи Арманистон Пасевин Григорий нерӯсанҷӣ карда, мағлуб шуд.
Бахтиёр Бозоров низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Гаджимурод Умаров аз АМА-ро шикаст дод.Вале дар марҳилаи баъдӣ Бозоров аз намояндаи Канада Готиер Драпо Франсуа мувоҷеҳи шикаст шуд.
Дастоварди ҷудокорони тоҷик аз нахустин рӯзи мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024
Ҳамин тариқ ду рӯзи аввал барои Тоҷикистон бебарор анҷом ёфт.
Акнун дар рӯзи охирини мусобиқа Шодмон Ризоев ва Муҳсин Малаев ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2024 Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ карда, бидуни медал мусобиқаро ҷамъбаст карда буданд. Охирон дастоварди ҷудокорони тоҷик дар мусобқаи мазкур соли 2021 мебошад, ки Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 60 кг ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0