https://sputnik.tj/20250217/maqomi-tojikiston-musobiqai-baku-grand-slam-1066256151.html
Мақоми 12 Тоҷикистон дар мусобиқаи "Baku Grand Slam 2025"
Мақоми 12 Тоҷикистон дар мусобиқаи "Baku Grand Slam 2025"
Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқаи "Baku Grand Slam 2025", ки дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
2025-02-17T14:26+0500
2025-02-17T14:26+0500
2025-02-17T15:51+0500
дар тоҷикистон
боку
озарбойҷон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
паҳлавон
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/11/1066256354_56:82:1044:638_1920x0_80_0_0_315f2d5be6a84e70c6b3ed9990c32f4d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ дар "Baku Grand Slam 2025" мақоми 12-умро ишғол намуд, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, медалҳои биринҷиро Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ба даст оварданд.Дар мусобиқа ду паҳлавони номдори Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) соҳиби ҷойи панҷум ва Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) ҷойи ҳафтум шуданд.Ин аввалин иштироки ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 мебошад.“Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – доир гардид.Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар, баргузор шуд.Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Baku Grand Slam 2025” шаш варзишгар - Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дохил буданд, ки дар сабқати мардон рақобат карданд.Дар ин мусобиқа мунтахаби Ҷопон бо касби 17 медал (10 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Олмон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар зинаи 12-ум ҷойгир шуд..Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.
https://sputnik.tj/20241010/ishtirok-pahlavoni-tojik-musobiqa-judo-abu-dhabi-grand-slam-1064654324.html
боку
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/11/1066256354_48:0:1054:755_1920x0_80_0_0_bb98b8fe3cf819806c16d619b8e13972.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, ҷудо, паҳлавонҳои тоҷик, боку, озарбойҷон
тоҷикистон, варзиш, ҷудо, паҳлавонҳои тоҷик, боку, озарбойҷон
Мақоми 12 Тоҷикистон дар мусобиқаи "Baku Grand Slam 2025"
14:26 17.02.2025 (Навсозишуда: 15:51 17.02.2025) Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқаи "Baku Grand Slam 2025", ки дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ дар "Baku Grand Slam 2025" мақоми 12-умро ишғол намуд, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, медалҳои биринҷиро Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ба даст оварданд.
Дар мусобиқа ду паҳлавони номдори Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) соҳиби ҷойи панҷум ва Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) ҷойи ҳафтум шуданд.
Ин аввалин иштироки ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 мебошад.
“Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – доир гардид.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар, баргузор шуд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Baku Grand Slam 2025” шаш варзишгар - Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дохил буданд, ки дар сабқати мардон рақобат карданд.
Дар ин мусобиқа мунтахаби Ҷопон бо касби 17 медал (10 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Олмон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар зинаи 12-ум ҷойгир шуд..
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.