Раҳбарони кишварҳои ИИАО-ро бо Наврӯз табрик гуфтанд

© SputnikОмодагӣ ба Наврӯз дар Душанбе
Омодагӣ ба Наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2025
Обуна шудан
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки Наврӯз аз қадимулайём рамзи Соли нав, фарорасии баҳор ва таҷдиди дигарбораи табиат аст
ДУШАНБЕ, 23 март — Sputnik. Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳост, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба таври анъанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин бора раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитжан ​​Сагинтаев изҳор дошт.
"Табрикоти самимии маро ба муносибати иди Наврӯз қабул фармоед, ки ин яке аз қадимтарин ҷашнҳои ҷаҳон аст буда, ба таври анъанавӣ аз ҷумла дар кишварҳои ИИАО низ таҷлил мешавад", - гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, Наврӯз аз қадимулайём рамзи Соли нав, фаро расидани баҳор ва таҷдиди табиат аст.
Ин чорабинӣ ифодагари ободиву бунёдкорӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ғамхорӣ ва меҳмоннавозӣ мебошад.
Президент РФ Владимир Путин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
Путин Раҳмонро бо Наврӯз табрик кард
Ҳамин тариқ, Сагинтаев ба раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон ва Узбекистон табрикот фиристод.
Зимнан зикр мегардад, ки раиси ҳайати мушовара аз номи КИАО ва шахсан аз номи худ ба мардуми кишварҳои узви созмон ва кишварҳои нозир шукуфоӣ ва бурдбориро таманно кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф кард. Бо қарори ЮНЕСКО аз 30 сентябри соли 2009 ин ҷашн ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0