https://sputnik.tj/20250323/farzona-modarash-yosamin-hujasta-mehrnigor-ism-sanatkor-andozgurez-1066689498.html
Аз Фарзонаву модараш то Ёсамину Ҳуҷаставу Меҳрнигор: нашри исми санъаткорони "андозгурез"
Аз Фарзонаву модараш то Ёсамину Ҳуҷаставу Меҳрнигор: нашри исми санъаткорони "андозгурез"
Sputnik Тоҷикистон
Кумита мегӯяд, ки ба нишонии сарояндаҳои қарздор борҳо огоҳиномаҳо ва СМС-паём ҷиҳати пардохти қарзи андозҳояшон ирсол шудаанд, вале онҳо беэътиноӣ менамоянд
2025-03-23T12:55+0500
2025-03-23T12:55+0500
2025-03-23T12:55+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
санъаткор
қарзҳо
иқтисод
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031958132_0:108:1000:671_1920x0_80_0_0_024251c697d29098c9ad99580e0a92d1.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон исми идае аз санъаткорони кишварро нашр кард, ки молиёти давлатро насупоридаанд.Ин рӯйхат 73 нафарро дар бар мегирад, ки дар нашрияи расмии "Боҷу хироҷ"-и ин ниҳод нашр шудааст.Дар Кумитаи андоз изҳор доштанд, ки ба ҳолати 13 марти соли 2025, дар ҷумҳурӣ 496 нафар ҳунарманд дар назди буҷет қарздор мебошанд.Тибқи рӯйхат, сарояндаҳои шинохта Мино, Нобовар Чаноров, Ёсамин, Ситораи Кароматулло, Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосимова, Ғолибҷон Юсупов, Меҳринигори Рустам, Ҳуҷаста ва чанде дигар ки қарзи андозияшон аз як то панҷ ҳазор мерасад.Ба рӯйхати қарздорони калон миёни санъаткорон, Ҷамила Каримова-94,7 бо ҳазор сомонӣ, Гулматов Зафарҷон 45 ҳазор, Кенҷаев Соҳибҷон-38,8 ҳазор, Забарзода Закия -19,6 ҳазор, Маҳмудов Бахтовар -13,4 ҳазор, Умедҷони Бурҳон-12,7, Гадоев Фаридун -13,5 ҳазор, Ёрматов Шарофиддинбо 28 ҳазор сомонӣ пешсафанд.Мутахассисони соҳаи андоз омилҳои асосии қарздории ин афродро, паст будани маърифати андозсупории онҳо арзёбӣ кардааст,Ин ниҳод мегӯяд, ки ба нишонии сарояндаҳои аз андоз қарздор борҳо огоҳиномаҳо ва СМС-паём ҷиҳати пардохт кардани қарзи андозҳояшон ирсол шудаанд, вале ҳунармандон нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои андозии худ беэътиноӣ зоҳир намуда истодаанд.Тибқи иттилои ин ниҳод, ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар кишвар 1471 нафар санъаткор, аз қабили сароянда, навозанда, раққос, баранда, наворбардор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, дар маҷмуъ, 335 нафар ё 31,1% бештар мебошад.Сабтиноми санъаткорон дар кумита дар 2 моҳи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар шаҳри Душанбе 45 нафар ё 22,8%, Суғд 182 нафар ё 37,6%, Хатлон 45 нафар ё 17%, ВМКБ 22 нафар ё 50% ва НТМ 41 нафар ё 38,3% зиёд шудааст.Манбаъ ҳамчунин афзуда, ки маблағи андозҳои ҳисобшудаи ҳунармандон дар 2 моҳи гузаштаи соли 2025, дар маҷмуъ, ба 758,1 ҳазор сомонӣ баробар шуда, дар ин давра ба буҷет 689,9 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан андозҳои ҳисобшуда 57,6 ҳазор сомонӣ ё 112,6% зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20250214/maqomot-panj-shirkat-andoz-qarzdor-1066230553.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031958132_0:121:1000:871_1920x0_80_0_0_72d827d5cff0b8c6f2f2514123a7b98e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарзона ёсамин ҳуҷастав меҳрнигор исм санъаткорон "андозгурез"
фарзона ёсамин ҳуҷастав меҳрнигор исм санъаткорон "андозгурез"
Аз Фарзонаву модараш то Ёсамину Ҳуҷаставу Меҳрнигор: нашри исми санъаткорони "андозгурез"
Кумита мегӯяд, ки ба нишонии сарояндаҳои қарздор борҳо огоҳиномаҳо ва СМС-паём ҷиҳати пардохти қарзи андозҳояшон ирсол шудаанд, вале онҳо беэътиноӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон исми идае аз санъаткорони кишварро нашр кард, ки молиёти давлатро насупоридаанд.
Ин рӯйхат 73 нафарро дар бар мегирад, ки дар нашрияи расмии "Боҷу хироҷ"-и ин ниҳод нашр шудааст.
Дар Кумитаи андоз изҳор доштанд, ки ба ҳолати 13 марти соли 2025, дар ҷумҳурӣ 496 нафар ҳунарманд дар назди буҷет қарздор мебошанд.
"Ҳарчанд дар натиҷаи корбариҳои доимӣ маблағи бақияи қарзи андозҳои ҳунармандон нисбат ба аввали соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, ба маблағи 623 ҳазор сомонӣ кам гардида, вале 986,2 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳои андоз ташвишовар боқӣ мемонад",- афзудааст манбаъ.
Тибқи рӯйхат, сарояндаҳои шинохта Мино, Нобовар Чаноров, Ёсамин, Ситораи Кароматулло, Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосимова, Ғолибҷон Юсупов, Меҳринигори Рустам, Ҳуҷаста ва чанде дигар ки қарзи андозияшон аз як то панҷ ҳазор мерасад.
Ба рӯйхати қарздорони калон миёни санъаткорон, Ҷамила Каримова-94,7 бо ҳазор сомонӣ, Гулматов Зафарҷон 45 ҳазор, Кенҷаев Соҳибҷон-38,8 ҳазор, Забарзода Закия -19,6 ҳазор, Маҳмудов Бахтовар -13,4 ҳазор, Умедҷони Бурҳон-12,7, Гадоев Фаридун -13,5 ҳазор, Ёрматов Шарофиддинбо 28 ҳазор сомонӣ пешсафанд.
Мутахассисони соҳаи андоз омилҳои асосии қарздории ин афродро, паст будани маърифати андозсупории онҳо арзёбӣ кардааст,
Ин ниҳод мегӯяд, ки ба нишонии сарояндаҳои аз андоз қарздор борҳо огоҳиномаҳо ва СМС-паём ҷиҳати пардохт кардани қарзи андозҳояшон ирсол шудаанд, вале ҳунармандон нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои андозии худ беэътиноӣ зоҳир намуда истодаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар кишвар 1471 нафар санъаткор, аз қабили сароянда, навозанда, раққос, баранда, наворбардор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, дар маҷмуъ, 335 нафар ё 31,1% бештар мебошад.
Сабтиноми санъаткорон дар кумита дар 2 моҳи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар шаҳри Душанбе 45 нафар ё 22,8%, Суғд 182 нафар ё 37,6%, Хатлон 45 нафар ё 17%, ВМКБ 22 нафар ё 50% ва НТМ 41 нафар ё 38,3% зиёд шудааст.
Манбаъ ҳамчунин афзуда, ки маблағи андозҳои ҳисобшудаи ҳунармандон дар 2 моҳи гузаштаи соли 2025, дар маҷмуъ, ба 758,1 ҳазор сомонӣ баробар шуда, дар ин давра ба буҷет 689,9 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан андозҳои ҳисобшуда 57,6 ҳазор сомонӣ ё 112,6% зиёд мебошад.