Мақомот панҷ ширкатеро, ки бештар аз ҳама аз андоз қарздоранд, номбар кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки корхонаҳои кишвар дар умум дар назди Кумитаи андоз қариб 400 миллион сомонӣ қарздор мебошанд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ рӯйхати калонтарин қарздорҳо аз андозро расонаӣ кард.
Вай гуфт, аз ҳама зиёд дар назди Кумитӣаи андоз Шабакаҳои тақсимоти барқ қарздор будааст ва вомаш ба 177 миллион сомонӣ расидааст.
Баъд аз Шабакаҳои тақсимоти барқ, калонтарин қарздорҳо аз андоз ин корхонаҳо будаанд:
Корхонаҳои зертобеи Оҷонсии беҳдошти замин 81 миллион сомонӣ,
Корхонаҳои зертобеи Идораи манзилию комунналӣ 32,6 миллион сомонӣ,
Неругоҳи "Сангтӯда-1" 26 миллион сомонӣ,
Кони Яғноб 11 миллион сомонӣ,
ҶСП “Алюминсохтмон” 9,9 миллион сомонӣ.
Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки ин корхонаҳо дар умум аз андоз қариб 400 миллион сомонӣ қарздоранд.
Таджикские сомони в кошельке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2025
Кам нишон додаанд: Ошкори 160 млн сомонӣ маблағҳои пинҳони андоз дар Суғд
Зикр гардид, ки ин маблағ 52 дарсади маблағи умумии бақияи қарзи андозро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар ин феҳрист ғайр аз “Сангтӯда-1”, ки ширкати русӣ аст, дигар қарздорон, корхонаҳои давлатӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0