Духтари тоҷик ғолиби озмуни байналмилалии Маликаи наврӯзӣ дар Қазон шуд.

© Foto / Конкурс Мисс Науруз Гузэле 2025Победительница конкурса Мисс Науруз Гузэле 2025 в Казани
Победительница конкурса Мисс Науруз Гузэле 2025 в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2025
Обуна шудан
Дар пойтахти Тотористон озмуни байналмилалии зебоӣ ва истеъдод баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон низ ширкат дошт
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар мусобиқаи байнимиллӣ ба муносибати Наврӯз дар Тотористон намояндаи Тоҷикистон пирӯз шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дафтари матбуоти озмуни зебоӣ ва истеъдодҳои "Науруз гузеле" хабар дод.
Чорабинӣ дар Қазон баргузор шуда, дар он 10 нафар беҳтарин намояндагони ҷомеаҳои миллӣ истеъдод ва либосҳои миллии худро намоиш доданд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун тоҷи асосӣ ва унвони "Мисс Наврӯзи Гузел – 2025"-ро намояндаи мардуми тоҷик Ҳусноро Таирова соҳиб шуд.
Донишҷӯи Донишгоҳи федералии Қазон бо чакани анъанавии рангини тоҷикӣ ҳунарнамоӣ кард. Вай инчунин дар намоишҳои эҷодӣ ва зеҳнӣ низ монанд надошт.
Илова бар ин, барои сокинони шаҳр консерти бошукӯҳ, намоиши таомҳои миллӣ, асбобу анҷом ва ороишоти гуногун ташкил карда шуда, ба онҳо хӯроки наврӯзӣ суманак тақдим шуд.
Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн гирифтанд - видео
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз дар миёни мардуми форсу турк ҷашни бостонии фарорасии баҳору соли нав аст.
Он 23 феврали соли 2010 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мешавад, ки Маҷмаи Умумии СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0