Ироқчӣ: Аврупо ба Теҳрон ваъда дод, ки барои лағви таҳримҳо ба ИМА таъсир мерасонад
CC BY 4.0 / The Official Website of the Office for the Preservation and Publication of the Works of the Grand Ayatollah Sayyid Ali Khamenei / Abbas Araghchi in a interview with khamenei.ir (cropped)Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи

Обуна шудан
Теҳрон ба интизориҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико парвое надорад ва ҳар он чизе, ки бар манфиаташ ҳаст, анҷом медиҳад, гуфт вазири умури хориҷии Эрон
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Аврупо ба Теҳрон ваъда дод, ки ба Иёлоти Муттаҳида барои лағви таҳримҳои зиддиэронӣ таъсир расонад -
Вазорати корҳои хориҷӣ Кишварҳои сегона (Бритониёи Кабир, Олмон ва Фаронса) ба Теҳрон ваъда доданд, ки ба ИМА дар масъалаи лағви таҳримҳои зиддиэронӣ таъсир мерасонанд.
Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон, дар мусоҳиба бо Khabar-e Online изҳор дошт.
"Мо бо се кишвари аврупоӣ гуфтушунид дорем, то ба як формулаи БАРҶОМ (Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амалиёт) биёем, инчунин эътимодро ба барномаи ҳастаӣ таҳким бахшем, то онҳо [кишварҳои ғарбӣ] таҳримҳоро лағв кунанд. Ин таҳримҳо дар дасти амрикоиҳост, на аврупоиҳо. Аврупоиҳо мегӯянд, ки дар ин масъала ба амрикоиҳо муқобилат хоҳанд кард”,- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ироқчӣ, БАРҶОМ дигар наметавонад дар шакли пештарааш барқарор шавад, аммо формулаи онро метавон асос барои эҷоди як созишномаи нав миёни Эрон ва Ғарб гирифт.
Ӯ ҳамзамон таъкид карда, ки Теҳрон ба интизориҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико парвое надорад.
"Мо (Эрон - таҳ.) ба интизориҳои Трамп парвое надорем. Мо (танҳо - таҳ) дар бораи манфиатҳои худ ғамхорӣ мекунем. Ҳар он чизе, ки бар манофеи мост, анҷом мешавад", - таъкид кард ӯ.
Қаблан Рафаэл Гроссӣ, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) гуфта буд, ки БАРҶОМ хеле кӯҳна шудааст ва бояд формати нави бастани созиш бо Эронро ҷустуҷӯ кард.
Ба гуфтаи вай, дар матни созишномаи қаблӣ маълумоти кӯҳна, аз ҷумла, ҳатто навъҳои сентрифугаҳои истифодашуда, ки Эрон истифода мекунад, мавҷуд аст.
Тавре Гроссӣ қайд кард, дар мулоқоташ бо Ироқчӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки "фалсафаи БАРҶОМ-ро метавон идома дод", ки Эрон барои маҳдуд кардани ғанисозии уранаш подош мегирад.
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 7 март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ-раҳбари олии Эрон паёме ирсол карда, дар бораи музокирот оиди барномаи ҳастаии Теҳрон пешниҳод кардааст.
Хоманаӣ дар шарҳи номаи Трамп қайд кард, ки Эрон бо Иёлоти Муттаҳида музокира нахоҳад кард, зеро Вошингтон танҳо дар бораи манфиатҳои худ ғамхорӣ мекунад.