Дар Тоҷикистон таҳсили русиро дар куҷо медиҳанд?

© Foto / Русский дом в ТаджикистанеРоссийско-таджикская школа им.А.Чехова в Худжанде
Российско-таджикская школа им.А.Чехова в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
Обуна шудан
Русия ба таҳсили мактаббачагон ва донишҷӯёни тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дорад - дар кишвар 5 мактаби русӣ ва 3 филиали донишгоҳҳои Русия фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аллакай дар кӯдакистонҳо кӯдакон ба омухтани забони русй шуруъ мекунанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар парлумон дастур дод, ки барномаҳои таълими бо забони русӣ дар доираи таълиму тарбияи томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон бознигарӣ карда шавад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони забони русӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ҷумҳурӣ таълими забони русӣ қариб дар 4,5 ҳазор мактаби миёна ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби Русия панҷ мактаб: дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта шудааст.
Онҳо соли 2022 ифтитоҳ ёфта, таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
© SputnikТаълими русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон: бо рақамҳо
Таълими русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон: бо рақамҳо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
Таълими русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон: бо рақамҳо
Танҳо дар соли 2024 аз Русия 100 омӯзгор барои таълим додани кӯдакони тоҷик омада буданд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ омодагии худро барои афзоиши бурсия барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия эълон кард - ҳоло он ба 1000 нафар мерасад.
Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ се филиали донишкадаҳои олии Русия кушода шуд: Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илму техника "МИСиС" (Институти фулод ва филиз Маскав), Донишгоҳи миллии тадқиқотии "МПЭИ" (Институти энергетикии Маскав).
Владимир Гудков, директор средней общеобразовательной школы им. Гагарина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Коршинос: Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад
Дар ин муассисаҳои таълимӣ 35 ҳазор ҷавонон маълумоти олии русӣ мегиранд.
Дар Тоҷикистон ҳамчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав раҳбарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷози дар маросими оғози сохтмони Маркази таълимии кӯдакони болаёқат дар Душанбе ширкат намуданд.
Лентаи хабарҳо
0