https://sputnik.tj/20250320/rushdi-iqtisodi-iiao-sathi-miyonai-jahoni-balandtar-1066660907.html
Рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО ду сол аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
Рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО ду сол аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
Sputnik Тоҷикистон
Суръати рушди иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё соли дуюм аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
2025-03-20T19:01+0500
2025-03-20T19:01+0500
2025-03-20T19:01+0500
ииао
русия
авруосиё
рушд
иқтисод
белорус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819590_0:221:3065:1945_1920x0_80_0_0_afb92a5f47855e2f5d14042478a4abb5.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Павел Утюпин, муовини вазири корҳои хориҷии Беларус дар як мизи мудаввар гуфт, ки соли дувум аст, ки кишварҳои узви ИИАО суръати хуби рушди иқтисод нишон медиҳанд."Ҳар сол, самаранокии кори ҳамгироӣ дар ИИАО меафзояд. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки иқтисодиёти кишварҳои узви ИИАО ба туфайли узвият дар ин иттиҳод то чӣ андоза самаранок рушд кардаанд. Ва ин рақамҳо, ба назари ман, хеле таъсирбахшанд. Соли дуюм аст, ки суръати рушди иқтисодии кишварҳои узви ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст”, - гуфт Утюпин.Вай илова кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО дар соли гузашта 4% афзоиш ёфт, ки аз сатҳи соли гузашта (3,8 фоиз) ва миёнаи ҷаҳонӣ (3,2 фоиз) зиёдтар аст.Ҳамчунин вай таъкид кард, ки натиҷаҳои савдои мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО дар 10 соли охир динамикаи мусбатро нишон доданд.“Аз соли 2015 савдои дохилӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. То охири соли 2024 ҳаҷми он ба 100 миллиард доллар наздик шуд, ҳиссаи савдои мутақобила дар гардиши савдои хориҷии ИИАО қариб 20%-ро ташкил дод, ки аз замони таъсиси иттиҳод арзиши ҳадди аксар аст”, - гуфт Павел Утюпин.Аз сабаби мавҷуд набудани боҷҳои гумрукӣ ва талаботи ягона барои муомилоти маҳсулот дар фазои АвруОсиё, Беларус имкон дорад, ки на танҳо мавқеи устувори худро дар бозори дохилии ИИАО нигоҳ дорад, балки онро пайваста таҳким бахшад.Дар соли 2024 содироти Беларус ба кишварҳои узви ИИАО тақрибан 5% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250319/muovin-sarvaziri-rusiya-overchuk-iiao-markaz-kishvarho-tabdil-1066636927.html
русия
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819590_77:0:2808:2048_1920x0_80_0_0_9c4aaf2934b736362dd466ea790de277.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, ииао, авруосиё, сатҳи ҷаҳонӣ, рушд,
иқтисод, ииао, авруосиё, сатҳи ҷаҳонӣ, рушд,
Рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО ду сол аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
Суръати рушди иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё соли дуюм аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Павел Утюпин, муовини вазири корҳои хориҷии Беларус дар як мизи мудаввар гуфт, ки соли дувум аст, ки кишварҳои узви ИИАО суръати хуби рушди иқтисод нишон медиҳанд.
"Ҳар сол, самаранокии кори ҳамгироӣ дар ИИАО меафзояд. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки иқтисодиёти кишварҳои узви ИИАО ба туфайли узвият дар ин иттиҳод то чӣ андоза самаранок рушд кардаанд. Ва ин рақамҳо, ба назари ман, хеле таъсирбахшанд. Соли дуюм аст, ки суръати рушди иқтисодии кишварҳои узви ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст”, - гуфт Утюпин.
Вай илова кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО дар соли гузашта 4% афзоиш ёфт, ки аз сатҳи соли гузашта (3,8 фоиз) ва миёнаи ҷаҳонӣ (3,2 фоиз) зиёдтар аст.
Ҳамчунин вай таъкид кард, ки натиҷаҳои савдои мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО дар 10 соли охир динамикаи мусбатро нишон доданд.
“Аз соли 2015 савдои дохилӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. То охири соли 2024 ҳаҷми он ба 100 миллиард доллар наздик шуд, ҳиссаи савдои мутақобила дар гардиши савдои хориҷии ИИАО қариб 20%-ро ташкил дод, ки аз замони таъсиси иттиҳод арзиши ҳадди аксар аст”, - гуфт Павел Утюпин.
Аз сабаби мавҷуд набудани боҷҳои гумрукӣ ва талаботи ягона барои муомилоти маҳсулот дар фазои АвруОсиё, Беларус имкон дорад, ки на танҳо мавқеи устувори худро дар бозори дохилии ИИАО нигоҳ дорад, балки онро пайваста таҳким бахшад.
Дар соли 2024 содироти Беларус ба кишварҳои узви ИИАО тақрибан 5% афзоиш ёфтааст.