https://sputnik.tj/20250321/hushdori-obuhavoshinoson-tojik-nomusoid-1066662095.html
Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик: Ҳаво то 27 март номусоид мешавад
Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик: Ҳаво то 27 март номусоид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносони тоҷик пешбинӣ кардаанд, ки аз 27 то 29 марти соли 2025 дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад
2025-03-21T09:26+0500
2025-03-21T09:26+0500
2025-03-21T09:26+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
кҳф
тарма
борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102363/95/1023639530_0:0:1673:941_1920x0_80_0_0_04851e33a64fd20f746806e4f2fa88f6.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинод ба Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 24 то 27 марти соли 2025 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст.“Аз 27 то 29 марти соли 2025 дар водиҳо боридани борон ва аз 24 то 27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад”, - қайд кардаанд обуҳавошиносон.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки рӯзҳои 24-25-уми марта дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон боридани жола дар назар аст.Рӯзи 25-уми март дамои рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин мешавад.Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 24-27-уми март дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Суғд ва Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ бар асари боришот омадани сел пешгӯӣ мешавад.“Аз 21 то 27 март дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрии 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лағзиши тарма пешбинӣ шудааст”,- ҳушдор додааст КҲФ.КҲФ аз аҳолӣ хостааст, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз ҷамъоварии гиёҳҳои дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ рӯида, ғунучини ҳезум, рафтан ба шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ худдорӣ намоянд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу регу санг тоза намоянд то аз омадни сел пешгирӣ намоянд.Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву кӯҳгардӣ тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20250319/hushdori-khf-navruz-khatari-laghzishi-tarma-1066627231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102363/95/1023639530_211:0:1466:941_1920x0_80_0_0_4574b691a24a7adf4b7533c5eeba1524.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обу ҳаво, обуҳавошиносон, борон, барф, кҳф, водиҳо, ноҳияҳои кӯҳӣ
тоҷикистон, обу ҳаво, обуҳавошиносон, борон, барф, кҳф, водиҳо, ноҳияҳои кӯҳӣ
Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик: Ҳаво то 27 март номусоид мешавад
Обуҳавошиносони тоҷик пешбинӣ кардаанд, ки аз 27 то 29 марти соли 2025 дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинод ба Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 24 то 27 марти соли 2025 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст.
“Аз 27 то 29 марти соли 2025 дар водиҳо боридани борон ва аз 24 то 27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад”, - қайд кардаанд обуҳавошиносон.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки рӯзҳои 24-25-уми марта дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон боридани жола дар назар аст.
Рӯзи 25-уми март дамои рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин мешавад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 24-27-уми март дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Суғд ва Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ бар асари боришот омадани сел пешгӯӣ мешавад.
“Аз 21 то 27 март дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрии 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лағзиши тарма пешбинӣ шудааст”,- ҳушдор додааст КҲФ.
КҲФ аз аҳолӣ хостааст, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз ҷамъоварии гиёҳҳои дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ рӯида, ғунучини ҳезум, рафтан ба шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу регу санг тоза намоянд то аз омадни сел пешгирӣ намоянд.
Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву кӯҳгардӣ тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.