https://sputnik.tj/20250122/khatlon-sadho-ruypushkunii-jinoyat-maqomoti-korhoi-dokhili-oshkor-1065954528.html
Дар Хатлон садҳо рӯйпӯшкунии ҷиноят аз сӯйи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шуд
Дар Хатлон садҳо рӯйпӯшкунии ҷиноят аз сӯйи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи вилояти Хатлон садҳо корманди мақомоти корҳои дохилиро барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии кашидааст
2025-01-22T11:59+0500
2025-01-22T11:59+0500
2025-01-22T11:59+0500
дар тоҷикистон
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
прокуратура
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/01/1030780127_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_d9c21e0b2e6406a76eeff12283b9d04f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Прокуратураи вилояти Хатлон хабар додааст, ки 212 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.Ҳамчунин прокуратураи вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 460 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор намудааст.Ба иттилои манбаъ, ба 654-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 8 миллион сомонӣ ташкил намудааст.“Ба фоидаи давлат 4,1 миллион сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда, ҳамзамон дар ин самт 104 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст”,- қайд кардааст прокуратура.Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилоят 13 ҷинояти додану гирифтани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст.Прокуратураи вилояти Хатлон инчунин хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод кушторҳои солҳои пешинро низ ошкор карданд.Ба иттилои ин ниҳод, дар соли 2024 аз ҷониби муфаттишон боз 6 парвандаи ҷиноятӣ оид ба 9 ҳодисаи кушторҳои қасдонаи солҳои пешин мавриди тафтиш қарор дода шуда, 5 парвандаи ҷиноятиро нисбати 7 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудаанд.
https://sputnik.tj/20231019/jinoyat-tojikiston-kam-shud-1060049368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/01/1030780127_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_b5865c00ea1aa4105f3a72cf309db72c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, тоҷикистон, прокуратура, ҷиноят, мақомоти, корҳои дохилӣ, муҷозот, ҷавобгарӣ
хатлон, тоҷикистон, прокуратура, ҷиноят, мақомоти, корҳои дохилӣ, муҷозот, ҷавобгарӣ
Дар Хатлон садҳо рӯйпӯшкунии ҷиноят аз сӯйи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шуд
Прокуратураи вилояти Хатлон садҳо корманди мақомоти корҳои дохилиро барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии кашидааст
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Прокуратураи вилояти Хатлон хабар додааст, ки 212 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Ҳамчунин прокуратураи вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 460 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор намудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба 654-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 8 миллион сомонӣ ташкил намудааст.
“Ба фоидаи давлат 4,1 миллион сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда, ҳамзамон дар ин самт 104 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст”,- қайд кардааст прокуратура.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилоят 13 ҷинояти додану гирифтани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст.
Прокуратураи вилояти Хатлон инчунин хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод кушторҳои солҳои пешинро низ ошкор карданд.
“Прокуратура ба ошкоркунии кушторҳои солҳои пешин фаъолиятро ҷоннок намуда, тамоми чораҳои дахлдорро дар ин самти фаъолият андешида истодааст”, - қайд кардааст прокуратура.
Ба иттилои ин ниҳод, дар соли 2024 аз ҷониби муфаттишон боз 6 парвандаи ҷиноятӣ оид ба 9 ҳодисаи кушторҳои қасдонаи солҳои пешин мавриди тафтиш қарор дода шуда, 5 парвандаи ҷиноятиро нисбати 7 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудаанд.