Наврӯзро дар Душанбе дар куҷо метавон ҷашн гирифт?

Обуна шудан
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барои сокинон ва меҳмонони пойтахт чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фарҳангӣ баргузор мешаванд
Ба наздикӣ Тоҷикистон Наврӯзро ҷашн мегирад. Дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои ранго ранги идона ба нақша гирифта шудааст.
Барномаҳо шоми 21 март дар майдони Истиқлол оғоз мешаванд. Дар ин ҷо оташи Наврӯзӣ рушан карда мешавад ва маросими суманакпазӣ баргузор мегардад.
Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Душанбе пойгаи суннатии аспдавонӣ баргузор мешавад. Тибқи қарори раиси пойтахт мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ рӯзи 21 март соати 15:00 дар "Наврӯзгоҳ" баргузор мешавад.
Дар рӯзҳои ид ба ифтихори Рӯзи байналмиллалӣ барномаҳои бадеию фароғатӣ ва ҷашнҳои оммавӣ доир гардида, ҳунармандони маъруф ҳунарнамоӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0