Гела Шекиладзе: Бозӣ бо тими Беларус хеле муҳим аст

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаГлавный тренер сборной Таджикистана Гела Шекиладзе
Главный тренер сборной Таджикистана Гела Шекиладзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Обуна шудан
Рӯзи 20 март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Беларус баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Сармурабби мунтахаби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ӯ ба бозӣ бо мунтахаби Беларус бозигаронеро даъват кард, ки дар ҳолати оптималӣ қарор доранд ва ба онҳо эътимод дорад.
Ба гуфтаи ӯ аксари футболбозон рӯзадоранд, вале ин мушкил нест, зеро вақте онҳо ба майдон мебароянд дар фикрашон танҳо бозӣ ва шод кардани мухлисонашон аст.
“Имон чӣ дар футбол ва чӣ дар берун аз майдон муҳим аст”, - илова кард Шелеладзе.
Ёдовар мешавем, ки бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Беларус 20 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад.
Ба ин муносибат дар арафаи бозии байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус дар меҳмонхонаи "Румӣ"-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд.
Кубок Азии по футболу 2031 года  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Дар ҷаласа, ки бо иштироки намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва менеҷерони дастаҳо доир шуд, ҷанбаҳои умумии ташкилии вохӯрии дарпешистода баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ранги либоси ҷонибҳо интихоб шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва дастаи мунтахаби Беларус бо либоси сабз ба майдон мебароянд.
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доварон аз Ҷумҳурии Узбекистон ҳакамӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0