Русия аз таъсиси Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ эълон кард

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкМинистр просвещения Сергей Кравцов
Министр просвещения Сергей Кравцов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Обуна шудан
Дар доираи ин барнома инчунин тарғиби арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар ҳудуди АвруОсиё Ассотсиатсияи дастгирии забони русӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад
Дар ин бора Сергей Кравцов, вазири маорифи Русия зимни як мизи мудаввар бахшида ба таъсиси ин Ассотсиатсия хабар дод.
Лоиҳаро Созмони мустақими ғайритиҷоратии "АвруОсёи" амалӣ мекунад.
Ассотсиатсия инчунин тарғиби арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар бораи омӯзиши фарҳанги Русия дар кишварҳои АвруОсиёро ба нақша гирифтааст.
"Ин як қадам ва марҳилаи хеле муҳими ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст на танҳо дар АвруОсиё, балки дар бисёре аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Африқо аст", - қайд кард Сергей Кравцов.
Ба гуфтаи ӯ, давлатҳо ба забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Фируза Абдуллоева: Дар Тоҷикистон талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2024
Фируза Абдуллоева: Дар Тоҷикистон талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст
Маълум аст, ки дар чаҳорчӯби ин иқдом дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Марказҳои забон ва фарҳанги русӣ боз хоҳанд шуд.
Дар он ҷо омӯзгорон ба ҷуз аз таълиму тамрини мактаббачагон ва донишҷӯён дар муҳити забон, ихтисоси худро низ такмил хоҳанд дод.
Дар Маркази байналмилалии мултимедиаи "Россия сегодня" мизи мудаввар бахшида ба таъсиси Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0