https://sputnik.tj/20241101/firuza-abdulloeva-tojikiston-talabot-omuzishi-zaboni-rusi-ziyod-1064952044.html
Фируза Абдуллоева: Дар Тоҷикистон талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст
Фируза Абдуллоева: Дар Тоҷикистон талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст
Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгори фанни забони русии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки бо кушодашавии мактабҳои нав дар Тоҷикистон, талабот ба омӯзиши забони русӣ хеле зиёд шудааст
2024-11-01T18:34+0500
2024-11-01T18:34+0500
2024-11-02T11:04+0500
видео
омӯзгор
забони русӣ
мактаб
маориф
хуҷанд
талабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064951473_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b316dfd2f4e99f7fc87cb58a8b69d509.jpg
Ин нуктаро Фируза Абдуллоева, омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи мактаби авруосиёии "Забони сулҳ" дар Маскав баён дошт.Ба гуфтаи Фируза Абдуллоева, омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд, дар мактабҳои русӣ дар синфҳо шумораи талабагон хеле зиёд аст.Ба гуфтаи вай, Талабот хеле зиёд аст ва дар ҳар як синф бо забони русӣ аз 30 то 35 нафар бачаҳо таҳсил доранд.Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ бо забони русӣ – “Жар-птица” ҷамбаст гардид – акс“Хоҳиши омӯзиши забон калон аст. Онҳо медонанд, ки дар оянда ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд. Онҳо барои ин махсус тайёрӣ мебинанд, мехонанд, ба дарсҳои иловагӣ меоянд, то ки забони русиро амиқтар омӯзанд”, - гуфт ӯ.Омӯзгори тоҷик қайд кард, ки талабот хеле зиёд аст.“Фикр мекунам, ин кор ояндадор аст, дӯстии Тоҷикистону Русия боз ҳам қавитар мешавад. Ман худам дар замони шӯравӣ мактаби русиро хатм карда будам. Мо бо русҳо зиндагӣ мекардем. Ман ин шаҳрро хонаи дуюми худ мешуморам, гарчанде бори аввал дар Маскав ҳастам. Ман интизориҳои зиёд дорам”, - қайд кард Фируза Абдуллоева.Дар дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон маркази омӯзишии Русия боз шуд – видеоОмӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд зикр кард, ки барои мактабҳо ба китобҳои дарсии мактабӣ аз фанни забон ва адабиёти рус ниёз доранд.“Дар мо китобҳои дарсӣ намерасанд”, - гуфт ӯ.Вай ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои болоӣ мактаби махсуси русӣ ба номи Чехов вуҷуд дорад.Омӯзгор таъкид кард, ки шумори мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон кофӣ нест. Ва изҳори умедворӣ кард, ки шумори мактабҳо дар оянда зиёд хоҳанд шуд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064951473_137:0:1577:1080_1920x0_80_0_0_cb3f4d8397ee54fdcdd9241235fba428.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, омӯзгор, забони русӣ, талабот, хуҷанд, мактаб, омузиш
видео, омӯзгор, забони русӣ, талабот, хуҷанд, мактаб, омузиш
Фируза Абдуллоева: Дар Тоҷикистон талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст
18:34 01.11.2024 (Навсозишуда: 11:04 02.11.2024) Омӯзгори фанни забони русии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки бо кушодашавии мактабҳои нав дар Тоҷикистон, талабот ба омӯзиши забони русӣ хеле зиёд шудааст
Ин нуктаро Фируза Абдуллоева, омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи мактаби авруосиёии "Забони сулҳ" дар Маскав баён дошт.
Ба гуфтаи Фируза Абдуллоева, омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд, дар мактабҳои русӣ дар синфҳо шумораи талабагон хеле зиёд аст.
Ба гуфтаи вай, Талабот хеле зиёд аст ва дар ҳар як синф бо забони русӣ аз 30 то 35 нафар бачаҳо таҳсил доранд.
“Хоҳиши омӯзиши забон калон аст. Онҳо медонанд, ки дар оянда ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд. Онҳо барои ин махсус тайёрӣ мебинанд, мехонанд, ба дарсҳои иловагӣ меоянд, то ки забони русиро амиқтар омӯзанд”, - гуфт ӯ.
Омӯзгори тоҷик қайд кард, ки талабот хеле зиёд аст.
“Фикр мекунам, ин кор ояндадор аст, дӯстии Тоҷикистону Русия боз ҳам қавитар мешавад. Ман худам дар замони шӯравӣ мактаби русиро хатм карда будам. Мо бо русҳо зиндагӣ мекардем. Ман ин шаҳрро хонаи дуюми худ мешуморам, гарчанде бори аввал дар Маскав ҳастам. Ман интизориҳои зиёд дорам”, - қайд кард Фируза Абдуллоева.
Омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд зикр кард, ки барои мактабҳо ба китобҳои дарсии мактабӣ аз фанни забон ва адабиёти рус ниёз доранд.
“Дар мо китобҳои дарсӣ намерасанд”, - гуфт ӯ.
Вай ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои болоӣ мактаби махсуси русӣ ба номи Чехов вуҷуд дорад.
Омӯзгор таъкид кард, ки шумори мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон кофӣ нест. Ва изҳори умедворӣ кард, ки шумори мактабҳо дар оянда зиёд хоҳанд шуд.