https://sputnik.tj/20250319/raisi-navi-parlumoni-fayzali-idizoda-intikhob-shud-1066636463.html
Раиси нави парлумони Файзалӣ Идизода интихоб шуд: Ӯ кист?
Раиси нави парлумони Файзалӣ Идизода интихоб шуд: Ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум тариқи овоздиҳии пинҳонӣ раиси нави парлумони кишвар интихоб шуд
2025-03-19T15:51+0500
2025-03-19T15:51+0500
2025-03-19T15:51+0500
дар тоҷикистон
парлумони тоҷикистон
раиси парлумон
интихоб
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_177:0:2048:1053_1920x0_80_0_0_2abf0d21fd14d3054b61350a314a3b5f.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ вакилонони тозаинтихоб Файзалӣ Идизодаро ба мақоми раиси парлумони Тоҷикистон интихоб карданд.Файзалӣ Идизода вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 мебошад, ки бо ҳамовозии вакилони тозаинтихоб раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.Файзалӣ Идизода то гузаштанаш ба парлумон дар соли 2021-ум дар вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард.Вай 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, узви ҲХДТ мебошад.Бар асоси ҳолнома соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.Идизода фаъолияташро аз пулиси андозу додситонии ҳарбӣ оғоз намуда, баъдан дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгору ноиби декан кор кардааст. Ӯ инчунин дар мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият доштаст.Ҳамзамон дар аввалин ҷаласа интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат гирифт.Қайд карда шудааст, ки котиботи иҷлосия, муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.Ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси парлумон—Мавсума Муинӣ ва Азиз Гиёзода интихоб гардиданд.
https://sputnik.tj/20250319/rahmon-parlumon-boloravii-sathi-nekuahvoli-sokinon-talosh-1066636178.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_229:0:2048:1364_1920x0_80_0_0_df89e76431d83d0e20ccef8a956562a5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парлумон, раис, интихоб, ҷаласа, сиёсат, раиси парлумони тоҷикистон
тоҷикистон, парлумон, раис, интихоб, ҷаласа, сиёсат, раиси парлумони тоҷикистон
Раиси нави парлумони Файзалӣ Идизода интихоб шуд: Ӯ кист?
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум тариқи овоздиҳии пинҳонӣ раиси нави парлумони кишвар интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ вакилонони тозаинтихоб Файзалӣ Идизодаро ба мақоми раиси парлумони Тоҷикистон интихоб карданд.
Файзалӣ Идизода вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 мебошад, ки бо ҳамовозии вакилони тозаинтихоб раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.
Файзалӣ Идизода то гузаштанаш ба парлумон дар соли 2021-ум дар вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард.
Вай 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, узви ҲХДТ мебошад.
Бар асоси ҳолнома соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Идизода фаъолияташро аз пулиси андозу додситонии ҳарбӣ оғоз намуда, баъдан дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгору ноиби декан кор кардааст. Ӯ инчунин дар мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият доштаст.
Ҳамзамон дар аввалин ҷаласа интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат гирифт.
Қайд карда шудааст, ки котиботи иҷлосия, муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.
Ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси парлумон—Мавсума Муинӣ ва Азиз Гиёзода интихоб гардиданд.