https://sputnik.tj/20250318/tojikistonu-rusiya-hamkorihoi-nizomi-taqviyat-1066609963.html
Тоҷикистону Русия боз ҳам ҳамкориҳои низомиро тақвият медиҳанд
Тоҷикистону Русия боз ҳам ҳамкориҳои низомиро тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири дифои ва вазири дифои Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни кишварҳо ба мувофиқа расиданд
2025-03-18T10:41+0500
2025-03-18T10:41+0500
2025-03-18T10:41+0500
дар тоҷикистон
дар русия
русия
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
низомӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066610311_0:10:1280:730_1920x0_80_0_0_a7d2a9ca9428affff036490999680083.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Муовини вазири дифои Русия Александр Фомин дар Маскав бо Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон мулоқот кард, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи нақшаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии ду кишвар дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд."Дар мулоқоти муовини вазири дифои Русия генерал-полковник Александр Фомин ва вазири дифои Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик баррасӣ шуд",- қайд кардааст вазорати дифои Русия.Ёдовар мешавем, ки баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав баргузор шуд.Дар вохӯрии масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.Аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид кард, ки "масъалаҳои амниятӣ дар рӯзномаи дуҷониба ҷои махсусро ишғол мекунанд" ва омодагии худро барои баррасии "вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба, инчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ"-ро бо Путин изҳор дошт.Соли 2012 миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ҳузури доимии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон барои таъмини амнияти минтақавӣ дар доираи масъулияти кишварҳои узви СПАД ба имзо расида буд.Соли 2014 барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба тасвиб расид. Мутобиқи он Русия интиқоли аслиҳа ва техникаи низомиро ба ин кишвар таъмин мекунад. Илова бар ин, ҳамасола кадрҳои афсарӣ дар донишгоҳҳои низомии Русия такмили ихтисос мегузаранд ва чорабиниҳои муштараки омодагии амалиётиву ҷангӣ баргузор мешаванд. Моҳи апрели соли 2021 ду кишвар созишнома дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии дифоъи ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро имзо карданд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи муштараки дифоъи ҳавоии ИДМ хоҳад шуд.Моҳи феврал сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев гуфта буд, ки ду кишвар мушкилот дар соҳаи ҳамкориҳои низомиро бомуваффақият ҳал мекунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки тақозо ба ҳамкорӣ дар ин замина бешубҳа аст ва борҳо санҷида шудааст.
https://sputnik.tj/20250317/putin-rusiya-shariki-asosi-tijori-tojikiston-1066601200.html
https://sputnik.tj/20250317/putin-tojikiston-navruz-rahmon-piruzi-hizb-intikhobot-1066600453.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066610311_70:0:1207:853_1920x0_80_0_0_f23687d6a5f2d12bb1b67cde8b337011.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, вазорати дифоъ, ҳамкории низомӣ, тақвият, раҳмон, путин
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, вазорати дифоъ, ҳамкории низомӣ, тақвият, раҳмон, путин
Тоҷикистону Русия боз ҳам ҳамкориҳои низомиро тақвият медиҳанд
Муовини вазири дифои ва вазири дифои Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни кишварҳо ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Муовини вазири дифои Русия Александр Фомин дар Маскав бо Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон мулоқот кард, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи нақшаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии ду кишвар дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.
"Дар мулоқоти муовини вазири дифои Русия генерал-полковник Александр Фомин ва вазири дифои Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик баррасӣ шуд",- қайд кардааст вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав баргузор шуд.
Дар вохӯрии масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.
Аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.
Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид кард, ки "масъалаҳои амниятӣ дар рӯзномаи дуҷониба ҷои махсусро ишғол мекунанд" ва омодагии худро барои баррасии "вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба, инчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ"-ро бо Путин изҳор дошт.
Соли 2012 миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ҳузури доимии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон барои таъмини амнияти минтақавӣ дар доираи масъулияти кишварҳои узви СПАД ба имзо расида буд.
Соли 2014 барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба тасвиб расид. Мутобиқи он Русия интиқоли аслиҳа ва техникаи низомиро ба ин кишвар таъмин мекунад. Илова бар ин, ҳамасола кадрҳои афсарӣ дар донишгоҳҳои низомии Русия такмили ихтисос мегузаранд ва чорабиниҳои муштараки омодагии амалиётиву ҷангӣ баргузор мешаванд. Моҳи апрели соли 2021 ду кишвар созишнома дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии дифоъи ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро имзо карданд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи муштараки дифоъи ҳавоии ИДМ хоҳад шуд.
Моҳи феврал сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев гуфта буд, ки ду кишвар мушкилот дар соҳаи ҳамкориҳои низомиро бомуваффақият ҳал мекунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки тақозо ба ҳамкорӣ дар ин замина бешубҳа аст ва борҳо санҷида шудааст.