Русия ният дорад дар Тоҷикистон нерӯгоҳи хурди атомӣ бунёд намояд

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкСотрудник в реакторном зале атомной электростанции. Иллюстративное фото
Сотрудник в реакторном зале атомной электростанции. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Обуна шудан
Мудири кулли Корпоратсияи давлатии "Росатом" гуфт, ки Русия ният дорад дар қаламрави Тоҷикистон нерӯгоҳи ҳастаӣ бо иқтидори кам бунёд намояд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мудири кулли Корпоратсияи давлатии "Росатом" Алексей Лихачёв гуфт, ки Русия ба Тоҷикистон дар бораи бунёди нерӯгоҳи ҳастаии хурд пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи вай Душанбе таъкид кардааст, ки ин имконро меомӯзад ва пешниҳод дар марҳилаи аввал қарор дорад.
"Дӯстони мо пешниҳоди моро дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ бо иқтидори кам меомӯзанд. Маҳз ҳамин иқтидор, яъне 40-50 МВт барои онҳо таваҷҷуҳ дорад", — гуфт Лихачёв дар шарҳи нашрияи "Известия".
Ба гуфтаи ӯ, баҳс "дар марҳалаи аввал" қарор дорад.
Раиси ширкати "Росатом" афзуд, Русия ва Тоҷикистон чанд сол боз дар заминаи тарҳҳои экологӣ - аз ҷумла дар масъалаи аз байн бурдани мероси тарҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар бахши ураниум ва пушиш намудани конҳо ва иншоотҳои ғанисозӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
"Мо бояд дарк кунем, ки маҳз дар Тоҷикистон нахустин урани шӯравӣ, аз ҷумла ашёи хоми аввалин маҳсулоти низомӣ, барои нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ коркард шудааст. Аз ин рӯ, мо дар назди наслҳо масъулият дорем ва барои аз байн бурдани ҳар гуна хатари ин мерос ҳама корҳоро анҷом медиҳем", - хулоса кард Лихачёв.
Ёдовар мешавем, ки дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав масъалаи безараргардонии партовгоҳҳои уран дар шимоли Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Строительство новых ТЭС. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Русия мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои нав бунёд намояд
“Имрӯз мо ба мувофиқа расидем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати "Росатом" марҳилаи дуюми лоиҳаи безараргардонии партовгоҳҳои уранро дар шимоли Тоҷикистонро татбиқ намоем”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки "Росатом", ки дар моҳи октябри соли 2023 тарҳи бузурги пушидани як майдони саноатии коркарди уранро бо иштироки мутахассисони тоҷик ба анҷом расонд, омода аст бо ҷумҳурӣ дар дигар масъалаҳои истифодаи технологияҳои ҳастаии осоишта, пеш аз ҳама дар соҳаи тиб ҳамкорӣ кунад.
Дар Тоҷикистон қаблан конҳои уран ва ҳамчунин як қатор корхонаҳои истихроҷи маъдан фаъолият мекард.
Яке аз калонтарин кони Табошар дар ҳудуди шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд мебошад, ки ҳанӯз соли 1925 кашф шуда буд. Дар он ҷо истихроҷи уран аз соли 1944 то соли 1965 идома дошт. 1 августи соли гузашта вазири саноат ва технологияи нави кишвар Шералй Кабир эълон карда буд, ки Тоҷикистон ва Русия ба татбики кисми дуюми лоихаи пушиш кардани партовхои атомӣ дар шимоли ҷумхурӣ омода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0