https://sputnik.tj/20250318/rusiya-tojikiston-nerugohho-bunyod-namoyad-1066619214.html
Русия мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои нав бунёд намояд
Русия мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои нав бунёд намояд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои Русия ҳамчунин ба корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷудаи барқӣ обии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд
2025-03-18T15:08+0500
2025-03-18T15:08+0500
2025-03-18T15:08+0500
дар тоҷикистон
русия
нбо
нерӯгоҳи барқобӣ
бунёд
александр новак
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066615670_0:276:3149:2047_1920x0_80_0_0_041d00fcf4710e3adedb7dfeecc4c687.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Русия ба ҳамкорӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои нав дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад.Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар пайи музокироти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон ба шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.Вай ёдовар шуд, ки Русия дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда сармоягузорӣ кардааст, ки 12% нерӯи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Вай афзуд, ширкатҳои русӣ низ ба корҳои таъмиру таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои мавҷудаи обӣ таваҷҷӯҳ доранд, зеро иқтидори оби Тоҷикистон хеле баланд аст.Новак афзуд, дар музокироти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 17 март сурат гирифт, параметрҳои тавсеъа ва ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд.Новак қайд кард, ки Русия инчунин таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон аст: аз ҷумла, ба кишвар маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раҳабари Тоҷикистон таъкид кардааст.Ба гуфтаи вай, Русия дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон дар бахши энержӣ фаъолона кумак карда, эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба маводи сӯхтро тақрибан пурра таъмин мекунад. Инчунин Русия ба рушди соҳаи гидроэнергетикии кишвар мусоидат мекунад.Оқои Путин илова кард, ки интиқоли маводи сӯхт ба Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирад.Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Газпромнефт", ки "нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ"-ро дар ихтиёр дорад ва саҳми назаррас дар пардохти андозҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон дорад, дар бозори ҷумҳурӣ фаъол аст.
https://sputnik.tj/20250318/rusiya-purra-niyozi-tojikiston-mavodi-sukht-tamin-1066616986.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066615670_128:0:2857:2047_1920x0_80_0_0_7591c0a56fb4f43f1c5a5e57c41622f2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, энергетика, таваҷҷуҳ, бунёд
тоҷикистон, русия, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, энергетика, таваҷҷуҳ, бунёд
Русия мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои нав бунёд намояд
Ширкатҳои Русия ҳамчунин ба корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷудаи барқӣ обии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Русия ба ҳамкорӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои нав дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар пайи музокироти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон ба шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.
"Мо дар бахши энержӣ ҳамкориҳои густурда дорем. Имрӯз параметрҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин замина баррасӣ шуд. Мо ҳамчунин ба бунёди нерӯгоҳҳои нав бо иштироки ширкатҳои Русия таваҷҷӯҳ дорем", гуфт Новак.
Вай ёдовар шуд, ки Русия дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда сармоягузорӣ кардааст, ки 12% нерӯи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Вай афзуд, ширкатҳои русӣ низ ба корҳои таъмиру таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои мавҷудаи обӣ таваҷҷӯҳ доранд, зеро иқтидори оби Тоҷикистон хеле баланд аст.
Новак афзуд, дар музокироти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 17 март сурат гирифт, параметрҳои тавсеъа ва ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд.
Новак қайд кард, ки Русия инчунин таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон аст: аз ҷумла, ба кишвар маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раҳабари Тоҷикистон таъкид кардааст.
Ба гуфтаи вай, Русия дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон дар бахши энержӣ фаъолона кумак карда, эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба маводи сӯхтро тақрибан пурра таъмин мекунад. Инчунин Русия ба рушди соҳаи гидроэнергетикии кишвар мусоидат мекунад.
Оқои Путин илова кард, ки интиқоли маводи сӯхт ба Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Газпромнефт", ки "нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ"-ро дар ихтиёр дорад ва саҳми назаррас дар пардохти андозҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон дорад, дар бозори ҷумҳурӣ фаъол аст.