https://sputnik.tj/20250318/putin-rusiya-muhojironi-tojik-sharoiti-munosib-kori-faroham-1066616041.html
Путин: Русия талош дорад барои муҳоҷирони тоҷик шароити муносиби корӣ фароҳам кунад
Путин: Русия талош дорад барои муҳоҷирони тоҷик шароити муносиби корӣ фароҳам кунад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Русия зимни музокирот дар Кохи Кремлин ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фароҳам кардани шароит барои муҳоҷирон аҳамияти хос зоҳир карданд
2025-03-18T13:09+0500
2025-03-18T13:09+0500
2025-03-18T13:09+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
шароит
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066614888_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_f438d13928a49f0d26bb7873c93e786e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Маскав талош дорад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия меоянд, шароити муносиби корӣ фароҳам кунад.Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар пайи музокирот дар Кремл бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт."Мо талош мекунем, ки барои тоҷикон дар Русия шароити муносиби кор ва ҳифзи иҷтимоъӣ фароҳам созем; ниҳодҳои марбутаи Русия бо ҳамкорони тоҷики худ дар гуфтугӯи доимӣ ҳастанд ва дар бораи қоидаҳо дар соҳаи муҳоҷират тавзеҳоти муфассал медиҳанд", - гуфт ӯ.Раҳбари Русия зикр кард, ки дар Русия ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш баъд аз музокирот бо Владимир Путин қайд кард, ки Тоҷикистону Русия дар мавриди фаъол кардани фаъолияти байниидоравии ду кишвар дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд."Имрӯз мо ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври муфассал баррасӣ кардем – кори байниидоравӣ дар ин самт фаъол хоҳад шуд", - гуфт ӯ.Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд, Русия интихоб мекунад.Дар ҳамин ҳол, ҷараёни муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст. Дар Русия дар соли 2024 ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда шуд, аз ҷумла, низоми муҳоҷират барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия бидуни асосҳои қонунӣ қарор доранд, ҷорӣ карда шуд.Мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ки бидуни раводид ба ин кишвар омадаанд, дар давоми як сол то 90 рӯз кам карда шуд, ки қаблан онҳо дар давоми шаш моҳ дар Русия 90 рӯз будубош мекарданд. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.
https://sputnik.tj/20250318/iqtisod-amniyatu-farhang-qanoatmandi-rahmon-muzokirot-maskav-1066615339.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066614888_19:0:1839:1365_1920x0_80_0_0_b1205fe66e6d30bc6b14c5cb39916ded.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, путин, муҳоҷирони меҳнатӣ, шароит, фароҳам, баррсӣ, роҳбарон, тоҷикистон, раҳмон,
русия, путин, муҳоҷирони меҳнатӣ, шароит, фароҳам, баррсӣ, роҳбарон, тоҷикистон, раҳмон,
Путин: Русия талош дорад барои муҳоҷирони тоҷик шароити муносиби корӣ фароҳам кунад
Роҳбарони Тоҷикистону Русия зимни музокирот дар Кохи Кремлин ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фароҳам кардани шароит барои муҳоҷирон аҳамияти хос зоҳир карданд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Маскав талош дорад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия меоянд, шароити муносиби корӣ фароҳам кунад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар пайи музокирот дар Кремл бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
"Мо талош мекунем, ки барои тоҷикон дар Русия шароити муносиби кор ва ҳифзи иҷтимоъӣ фароҳам созем; ниҳодҳои марбутаи Русия бо ҳамкорони тоҷики худ дар гуфтугӯи доимӣ ҳастанд ва дар бораи қоидаҳо дар соҳаи муҳоҷират тавзеҳоти муфассал медиҳанд", - гуфт ӯ.
Раҳбари Русия зикр кард, ки дар Русия ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
"Онҳо дар бахшҳои мухталифи саноат, бахусус дар бахшҳои босуръат рушдёбанда, аз қабили сохтмон, манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва логистика машғули кор ҳастанд ва дар рушди иқтисоди Русия саҳми бузург доранд. Ва муҳим он аст, ки интиқоли пулии онҳо ба ватанашон ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон кумаки ҷиддӣ аст", — таъкид кард Путин.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш баъд аз музокирот бо Владимир Путин қайд кард, ки Тоҷикистону Русия дар мавриди фаъол кардани фаъолияти байниидоравии ду кишвар дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.
"Имрӯз мо ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври муфассал баррасӣ кардем – кори байниидоравӣ дар ин самт фаъол хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд, Русия интихоб мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҷараёни муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст. Дар Русия дар соли 2024 ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда шуд, аз ҷумла, низоми муҳоҷират барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия бидуни асосҳои қонунӣ қарор доранд, ҷорӣ карда шуд.
Мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ки бидуни раводид ба ин кишвар омадаанд, дар давоми як сол то 90 рӯз кам карда шуд, ки қаблан онҳо дар давоми шаш моҳ дар Русия 90 рӯз будубош мекарданд. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.