Хатлон ҳамкориҳои иқтисодиашро бо вилояти Кирови Русия густариш медиҳад

© Foto / Пресс-служба главы Хатлонской областиПодписание соглашения между Хатлонской и Кировской областями
Подписание соглашения между Хатлонской и Кировской областями - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Обуна шудан
Вилояти Хатлони бо вилояти Кирови Русия барои тақвияти муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ созишнома ба имзо расонданд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳукумати вилояти Хатлон аз имзои созишнома бо вилояти Кирови Русия хабар дод.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки аз созишнома аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Губернатори вилояти Кирови Русия Александр Соколов ба имзо расид.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо “Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Кирови Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ” ба имзо расонданд.
Ҳукумати Хатлон таъкид кардааст, ки мақсади созишномаи мазкур аз тавсеаи робитаҳои судманди дуҷониба, алалхусус таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Бештари сармоя ба вилояти Хатлон аз Русия, Чин ва Эрон ворид шудааст
Давлаталӣ Саид зимни имзои санад гуфт, ки созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ байни вилояти Хатлон бо вилояти Киров густариш ёбанд.
“Он ба таҳкими робитаҳои байни ду минтақа мусоидат намуда, барои тарафҳо имкониятҳои нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад”,- қайд кард раиси вилояти Хатлон.
Зикр карда шудааст, ки тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Киров дар соҳаҳои саноат, комплекси агросаноатӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ба роҳ монад.
Лентаи хабарҳо
0