Тоҷикистон ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии ИДМ оғоз кард

© iStock.com \ MarioGutiФуры проезжают по автомагистрали
Фуры проезжают по автомагистрали  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нақша дорад, ки нахустин нишасти коршиносони соҳавии кишварҳои ИДМ-ро доир ба ин масъала баргузор намояд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ андешидани тадбирҳо дар бораи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ оғоз гардид.
Тавре дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, вазорат нақша дорад, ки нахустин нишасти коршиносони соҳавии кишварҳои ИДМ-ро доир ба ин масъала баргузор намояд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар шаҳри Минск Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 пешниҳод шуда буд.
© Foto / Министерство транспорта республики ТаджикистанМеждународный транспортный коридор север-юг
Международный транспортный коридор север-юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Зикр гардидааст, ки дар доираи ин Консепсия дар соҳаи нақлиёти кишварҳои ИДМ корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ оғоз ёфт.
“Ба ин раванд коршиносони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО СММ), инчунин мутахассисони мақомоти нақлиёт ва гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ ҷалб карда шудаанд”, - таъкид намудааст вазорат.
Фуры проезжают по автомагистрали  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2024
Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ хабар дод
Манбаъ қайд кардааст, ки вазорати нақлиёти кишвар нахустин нишасти коршиносонро дар бораи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба нақша гирифтааст.
Нишасти коршиносони соҳавӣ дар ҳошияи Форуми байналмилалии операторони "бандарҳои хушк", хизматрасониҳои нақлиётии логистикӣ ва мултимодалӣ, ки аз ҷониби ЭСКАТО-и СММ 26-27 марти соли 2025 дар пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок доир мегардад, баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон қаблан ташаббуси бунёди долони нақлиётии мултимодалиро, ки Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Аврупоро бо ҳам мепайвандад, ба миён гузошта буд.
Заглушка для инфографики - Какой транспорт зарегистрирован в Таджикистане? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Дар роҳҳои Тоҷикистон чӣ қадар нақлиёт ҳаракат мекунад
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим чунин иброз дошт: "Корҳо ҷиҳати истифодаи самараноки долони нақлиётии "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон–Туркия" идома дошта, он яке аз масирҳои кӯтоҳтарин аз Чин тавассути ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои зикршуда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад". Ба гуфтаи ӯ, инчунин даҳ долони афзалиятноки тиҷоративу нақлиётӣ низ муайян карда шудаанд, ки аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд.
"Ба рушди хатсайрҳои умумии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва дастрасӣ ба бандарҳои баҳриро таъмин менамояд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад" -таъкид кард Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0