https://sputnik.tj/20240724/vazorati-naqliyot-afzoish-borkashoni-musofirbari-1063642839.html
Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ хабар дод
Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми гардиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад
2024-07-24T12:59+0500
2024-07-24T12:59+0500
2024-07-24T12:59+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
боркашонӣ
мусофирбарӣ
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643505_0:173:3067:1898_1920x0_80_0_0_93d13ed86394aacdc8aabae40f65e81d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 61 млн тонна бор ва 483,1 миллион мусофир интиқол дода шудааст.Ба иттилои вазир, ҳаҷми боркашонӣ 13,8%, гардиши бор 12,5%, мусофирбарӣ 9% ва гардиши мусофирон 18,1% зиёд гардидааст.Ҳамчунин вазири нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки дар ин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ 57,2 млн тонна (114,6%), нақлиёти роҳи оҳан 3,2 млн тонна (100,7%) ва нақлиёти ҳавоӣ 0,6 млн тонна (110,9%) бор интиқол дода шудааст.Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон таввасути нақлиёти автомобилӣ 469,8 млн мусофир (9%), нақлиёти барқӣ 12,6 млн мусофир (8,4%), нақлиёти роҳи оҳан 214,1 ҳазор мусофир (0,6%) ва бо нақлиёти ҳавоӣ 0,5 млн мусофир (33,4%) интиқол дода шудааст.Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҳиссаи нақлиёт ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3764,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 113,9 фоизро ташкил дода, саҳми соҳа ба 6,1 фоиз (6,1 фоиз январ-июни соли 2023) расонида шуд, ки суръати рушд нисбати соли гузашта дар сатҳи 6,1 фоиз устувор нигоҳ дошта шудааст.
https://sputnik.tj/20240628/vazir-naqliyot-tojikiston-naqliyot-pul-sarf-1063374583.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643505_131:0:2860:2047_1920x0_80_0_0_82d9f93a905c5ce71bdf0e4b6e6ec897.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, боркашонӣ, мусофирбарӣ, афзоиш, рушд, вазорати нақлиёт
тоҷикистон, нақлиёт, боркашонӣ, мусофирбарӣ, афзоиш, рушд, вазорати нақлиёт
Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ хабар дод
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми гардиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 61 млн тонна бор ва 483,1 миллион мусофир интиқол дода шудааст.
Ба иттилои вазир, ҳаҷми боркашонӣ 13,8%, гардиши бор 12,5%, мусофирбарӣ 9% ва гардиши мусофирон 18,1% зиёд гардидааст.
Ҳамчунин вазири нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки дар ин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ 57,2 млн тонна (114,6%), нақлиёти роҳи оҳан 3,2 млн тонна (100,7%) ва нақлиёти ҳавоӣ 0,6 млн тонна (110,9%) бор интиқол дода шудааст.
Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон таввасути нақлиёти автомобилӣ 469,8 млн мусофир (9%), нақлиёти барқӣ 12,6 млн мусофир (8,4%), нақлиёти роҳи оҳан 214,1 ҳазор мусофир (0,6%) ва бо нақлиёти ҳавоӣ 0,5 млн мусофир (33,4%) интиқол дода шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҳиссаи нақлиёт ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3764,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 113,9 фоизро ташкил дода, саҳми соҳа ба 6,1 фоиз (6,1 фоиз январ-июни соли 2023) расонида шуд, ки суръати рушд нисбати соли гузашта дар сатҳи 6,1 фоиз устувор нигоҳ дошта шудааст.