https://sputnik.tj/20250317/qimati-asor-kalidi-khoriji-tojikiston-garon-1066590852.html
Қимати се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
Қимати се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бар асоси додаҳои нави БМТ, ҳарсе асъори маъмули хориҷӣ, ҳафтаи навро дар қиболи арзи миллӣ бо болоравӣ оғоз карданд
2025-03-17T09:25+0500
2025-03-17T09:25+0500
2025-03-17T09:25+0500
дар тоҷикистон
рубли русӣ
доллар
евро
сомонӣ
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062299308_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_a65a5b9aeaebe8a869f6127bad94e3d1.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст.Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 127,4 сомонӣ арзиш дорад.Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод нисбат ба додаҳои охири ҳафтаи гузашта 1,6 сомонӣ зиёд аст.Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9311 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9382 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, ҳар евро 11,9221 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,8766 сомонӣ медоданд.Ёдовар мешавем, ки асъорӣ русӣ панҷшанбеи 23 феврал ба нишондодҳои апрели соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 132,6 сомонӣ баробар гардида буд.Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20250207/bonki-milli-meyori-boztamvilro-poin-burd-1066142595.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062299308_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a5a014b6cd96d1d94008ebf7157b7d1d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қимати асъор калидӣ хориҷӣ тоҷикистон гарон
қимати асъор калидӣ хориҷӣ тоҷикистон гарон
Қимати се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
Дар Тоҷикистон бар асоси додаҳои нави БМТ, ҳарсе асъори маъмули хориҷӣ, ҳафтаи навро дар қиболи арзи миллӣ бо болоравӣ оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 127,4 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод нисбат ба додаҳои охири ҳафтаи гузашта 1,6 сомонӣ зиёд аст.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9311 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9382 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, ҳар евро 11,9221 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,8766 сомонӣ медоданд.
Ёдовар мешавем, ки асъорӣ русӣ панҷшанбеи 23 феврал ба нишондодҳои апрели соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 132,6 сомонӣ баробар гардида буд.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.