https://sputnik.tj/20250317/safar-rasmi-rahmon-maskav-oghoz-1066591070.html
Сафари расмии Раҳмон дар Маскав оғоз шуд
Сафари расмии Раҳмон дар Маскав оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як сафари расмӣ ба Русия анҷом дода, дар доираи он мулоқоташ бо Владимир Путин дар назар аст
2025-03-17T10:32+0500
2025-03-17T10:32+0500
2025-03-17T13:24+0500
эмомалӣ раҳмон
маскав
дар русия
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066590087_151:165:1280:800_1920x0_80_0_0_8ec085dc2a08716983636d51aaaed09a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.Маросими истиқболи расмии раҳбари Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2 баргузор шуд.Дар ин ҷо ӯро муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақоми ҷониби Русия пешвоз гирифтанд.Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро дода шуда, Эмомалӣ Раҳмонро дар назди зинапояҳои фуруд қаровули фахрии гарнизони Маскав ва оркестри низомӣ истиқбол гирифтанд. Интизор меравад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи душанбеи 17 март бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом доданд. Дар он раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ ширкат дошт, ки қаблан дар нахустин сафари хориҷии худ пас аз пирӯзӣ дар интихобот аз Маскав дидан карда буд.Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни як чорабинии муштарак президентҳо бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон сӯҳбати телефонӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20250316/putin-rahmon-lukashenko-aliev-maskav-zang-siyosatmadoron-1066584058.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066590087_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_4f502ebbf771fd6ca5de529dcb366001.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар расмӣ раҳмон маскав оғоз
сафар расмӣ раҳмон маскав оғоз
Сафари расмии Раҳмон дар Маскав оғоз шуд
10:32 17.03.2025 (Навсозишуда: 13:24 17.03.2025) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як сафари расмӣ ба Русия анҷом дода, дар доираи он мулоқоташ бо Владимир Путин дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Маросими истиқболи расмии раҳбари Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2 баргузор шуд.
Дар ин ҷо ӯро муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақоми ҷониби Русия пешвоз гирифтанд.
Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро дода шуда, Эмомалӣ Раҳмонро дар назди зинапояҳои фуруд қаровули фахрии гарнизони Маскав ва оркестри низомӣ истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи душанбеи 17 март бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом доданд.
Дар он раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ ширкат дошт, ки қаблан дар нахустин сафари хориҷии худ пас аз пирӯзӣ дар интихобот аз Маскав дидан карда буд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни як чорабинии муштарак президентҳо бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон сӯҳбати телефонӣ кардаанд.