https://sputnik.tj/20250317/nakhustin-nishasti-havopaymoi-qirghiziston-furudgohi-sugd-1066594909.html
Нахустин нишасти ҳавопаймои Қирғизистон дар фурудгоҳи Суғд баъд аз таваққуфи тӯлонӣ
Нахустин нишасти ҳавопаймои Қирғизистон дар фурудгоҳи Суғд баъд аз таваққуфи тӯлонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ахиран нахустин хатсайри мустақими ҳавоии Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол гардид
2025-03-17T12:56+0500
2025-03-17T12:56+0500
2025-03-17T13:24+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
парвоз
ҳавопаймо
суғд
хуҷанд
хатсайр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066594229_0:31:800:481_1920x0_80_0_0_0aa996c819651ea4a8e85cf09b022f7d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Нахустин хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек тавассути Ширкати "Асман Эйрлайнс"-и Қирғизистон анҷом дода шуд.Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.Қайд карда шудааст, ки нахустин мусофирони хатсайр намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва дигар шахсони расмӣ буданд.Хатсайр бо мақсади густариши ҳамкории иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути сиёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фаъол гардид.Таъкид карда шудааст, ки дар ин сафар меҳмонон бо осоишгоҳи "Баҳористон", Қалъаи Хуҷанд ва Қасри таърихии Арбоб шинос шуданд.Хатсайри нави Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сайёҳии ду мамлакат мусоидат намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ имконияти нав фароҳам меорад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳавопаймои ширкати “Сомон-Эйр” бо ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард.Иқдоми мазкур омили таҳкими дӯстӣ миёни мардуми ду кишвар буда, он инчунин ба рушди соҳаҳои иқтисодию сайёҳии ду кишвар кумак хоҳад кард.Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими имзои созишномаи марзӣ эълон кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон хатсайрҳои ҳавоӣ байни кишварҳоро аз сар мегиранд.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 14-уми март, парвозҳои Душанбе - Бишкек ва Бишкек - Хуҷанд кушода мешаванд.Парвозҳо дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе, ки аз соли 2021 қатъ шуда буд, аз сар гирифта шуд.Дар вебсайти расмии ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои Душанбе - Бишкек аллакай пайдо шуданд.Чиптаҳои парвози фардоро бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20250314/somon-eyr-nakhustin-parvoz-dushanbe-bishkek-video-1066565648.html
қирғизистон
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066594229_0:0:711:533_1920x0_80_0_0_d134c0a1d0ecd8e14951d2389e483ce3.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, парвоз, бишкек, суғд, парвоз, хатсайр, фурудгоҳ
тоҷикистон, қирғизистон, парвоз, бишкек, суғд, парвоз, хатсайр, фурудгоҳ
Нахустин нишасти ҳавопаймои Қирғизистон дар фурудгоҳи Суғд баъд аз таваққуфи тӯлонӣ 12:56 17.03.2025 (Навсозишуда: 13:24 17.03.2025 )
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ахиран нахустин хатсайри мустақими ҳавоии Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Нахустин хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек тавассути Ширкати "Асман Эйрлайнс"-и Қирғизистон анҷом дода шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки нахустин мусофирони хатсайр намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва дигар шахсони расмӣ буданд.
Хатсайр бо мақсади густариши ҳамкории иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути сиёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фаъол гардид.
© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской области Перелет выполнила компания Asman Airlines, а в ходе торжественной встречи делегации из соседней страны показали достопримечательности города - Худжандскую крепость, Дворец культуры "Арбоб" и "Худжандское море".
Перелет выполнила компания Asman Airlines, а в ходе торжественной встречи делегации из соседней страны показали достопримечательности города - Худжандскую крепость, Дворец культуры "Арбоб" и "Худжандское море".

Таъкид карда шудааст, ки дар ин сафар меҳмонон бо осоишгоҳи "Баҳористон", Қалъаи Хуҷанд ва Қасри таърихии Арбоб шинос шуданд.
Хатсайри нави Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сайёҳии ду мамлакат мусоидат намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ имконияти нав фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳавопаймои ширкати “Сомон-Эйр” бо ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард.
Иқдоми мазкур омили таҳкими дӯстӣ миёни мардуми ду кишвар буда, он инчунин ба рушди соҳаҳои иқтисодию сайёҳии ду кишвар кумак хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими имзои созишномаи марзӣ эълон кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон хатсайрҳои ҳавоӣ байни кишварҳоро аз сар мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 14-уми март, парвозҳои Душанбе - Бишкек ва Бишкек - Хуҷанд кушода мешаванд.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе, ки аз соли 2021 қатъ шуда буд, аз сар гирифта шуд.
Дар вебсайти расмии ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои Душанбе - Бишкек аллакай пайдо шуданд.
Чиптаҳои парвози фардоро бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.