"Сомон Эйр" нахустин парвоз аз Душанбе ба Бишкек анҷом дод - видео

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Самолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2025
Обуна шудан
Ҳавопаймо як ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО -ро аз Душанбе ба Бишкек бурд. Ин нахустин парвоз дар масири мазкур аз соли 2021 ба ин сӯ мебошад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати “Сомон-Эйр” пас аз чор соли танаффус нахустин парвоз дар масири Душанбе-Бишкекро анҷом дод.
Дар ин бора Ҷамила Ҳусейнзода, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе бо гузоштани чанд аксу видео аз парвози ширкати ватанӣ ба Бишкек хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ҳавопаймо як ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО - ро аз Душанбе ба Бишкек бурд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Бишкек ҳавопаймои "Сомон эйр" - ро бо арки обӣ пешвоз гирифтанд.
"Дар назар аст парвоз дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом ёфта, ҳайати Тоҷикистон шоми 14 март ба Душанбе бармегардад", - афзуд манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки иқдоми мазкур омили таҳкими дӯстӣ миёни мардуми ду кишвар буда, он инчунин ба рушди соҳаҳои иқтисодию сайёҳии ду кишвар кумак хоҳад кард.
Бояд гуфт, парвозҳо дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе аз соли 2021 қатъ карда шуд.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Як рӯз қабл ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар дод, ки нахустин парвоз рӯзи 14 март сурат мегирад ва пасон аз 23 март ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе парвоз дар ин самт анҷом меёбад.
Арзиши имрӯзаи чипта 87 евра, муодили 1000 сомонӣ гуфта шуда буд.
Ҷониби Қирғизистон ҳоло дар мавриди ифтитоҳи парвозҳо иттилоъ нашр накардааст.
Лентаи хабарҳо
0