Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Украина давоми ҳафта дар вилояти Курск беш аз ду ҳазор низомияшро аз даст дод

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкСгоревший бронеавтомобиль "Козак" в деревне Русская Конопелька в Суджанском районе Курской области, освобожденной российскими Вооруженными силами от подразделений ВСУ
Сгоревший бронеавтомобиль Козак в деревне Русская Конопелька в Суджанском районе Курской области, освобожденной российскими Вооруженными силами от подразделений ВСУ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2025
Обуна шудан
Дар давоми ин ҳафтаи набардҳои шадид нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 2040 низомии худро аз даст додаву ҳудуди 30 нафарашон таслим шуданд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар давоми як ҳафтаи ҳамлаи ниҳоии нирӯҳои Русия дар вилояти Курск ва озод кардани манотиқи марзӣ аз ҷангҷӯёни украинӣ беш аз ду ҳазор низомии худро аз даст доданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бар асоси маълумоти вазорати дифоъ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, артиши Русия аз 8 март то 14 март 31 маҳаллаи аҳолинишин: Суджаи Курск, Викторовка, Николаевка, Старая Сорочина, Лебедевка, Коситса, Малая Локня, Черкаси Поречное, Агроном, Богдановка, Бондаревка, Дмитрюков, Зазулевка, Ивашковский, Кубаткин, Колмаков, Мартиновка, Михайловка, Правда, Южний, Казачю Локню, Первий Княжий, Второй Княжий, Замосте, Мирний, Подол, Меловой, Гончаровка, Заолешенка, Рубаншина ва ҳамчунин Новенкое дар вилояти Суми.
Российские военные в освобожденной Судже  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия озодкунии Курскро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад
Дар давоми ин ҳафта нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 2040 низомии худро аз даст доданд ва беш аз 30 нафарашон таслим шуданд.
Киев инчунин 7 танк, 19 мошини ҷангии пиёда, 24 зиреҳпӯш, 55 мошини зиреҳпӯш, 96 мошин, 30 тӯпхона, ду тӯпхонаи худгарди Paladin, ҳафт миномёт, як маҷмааи зенити мушакии "Бук-М1", 5 анбор ва 37 нуқтаи назорати бесарнишинҳоро аз даст дод.
Дар авохири ҳафтаи гузашта нерӯҳои Русия ба ҳамлаи густарда дар вилояти Курск шурӯъ карданд ва дар тӯли чанд рӯз беш аз 1100 километр қаламраверо, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина тасарруф кардаанд, озод намуданд.
Тавре сардори Ситоди генералӣ Валерий Герасимов ба президент Владимир Путин хабар дод, нерӯҳои украинӣ дар инзиво қарор гирифта, ҳоло нобудсозии мунтазами он идома дорад ва дар самтҳои муайян воҳидҳои Русия вориди вилояти Сум шудаанд.
Сарвари давлат қайд кард, ки агар чанде пеш Қувваҳои Мусаллаҳи Украина гурӯҳ-гурӯҳ аз вилояти Курск берун рафта бошанд, ҳоло ин имконнопазир аст. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар бораи ташкили минтақаи амниятӣ дар сарҳади давлатӣ андеша кунанд.
Освобожденное село Малая Локня в Суджанском районе Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳои хориҷӣ: Украина эътироф кард, ки амалиёт дар минтақаи Курск ба зудӣ анҷом меёбад
Тибқи иттилои Вазорати дифоъ то 15 март, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск душман беш аз 67,6 ҳазор нафар низомиён ва ҳозорон техникаро аз даст дод.
Ахиран Трамп дар мулоқот бо Путин гуфт, ба низомиёни украинӣ, ки дар Курск муҳосира шудаанд, раҳм кунад.
Раисҷумҳури русия гуфт, агар онҳо силоҳҳояшонро гузошта таслим шаванд, нисбаташон бархӯрди шоиста карда мешавад.
Сухангӯи Кохи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, пешниҳоди Владимир Путин ба сарбозони украинӣ дар Курск барои гузоштани силоҳ ҳанӯз амал мекунад, аммо вақти Киев дорад тамом мешавад.
Лентаи хабарҳо
0