https://sputnik.tj/20250316/kharidor-ramazon-ziyod-qimati-mahsulot-sughd-garon-1066586802.html
Харидор дар Рамазон зиёд шуд: қимати баъзе маҳсулот дар Суғд гарон шудааст
Харидор дар Рамазон зиёд шуд: қимати баъзе маҳсулот дар Суғд гарон шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи Рамазон дар шимоли Тоҷикистон низ болоравии қимати молу маҳсулот, аз ҷумла ниёзи аввал ба таври қобили мулоҳиза ба назар мерасад.
2025-03-16T18:45+0500
2025-03-16T18:45+0500
2025-03-17T13:23+0500
дар тоҷикистон
бозор
суғд
моҳи рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/46/1026054683_0:0:5871:3302_1920x0_80_0_0_72363f8b89f2362a493b14298c2a6b28.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Таҷамӯъӣ хариддорон дар растаҳои гӯшту равғанфурӯшиҳои бозорҳои Суғд ин рӯзҳо бештар мушоҳида мешавад ва маълум, ки ин ҳолат ба ҷаҳиши нархи мол бе таъсир намондааст. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба чанде аз бозорҳои Суғд рафта маълум кард, ки дар моҳи Рамазон кадом маҳсулоти ғизоӣ арзону кадоме гарон шудаастЗимни суҳбат шуморе аз фурӯшандаҳо изҳор мекарданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон кӯшиш мекунанд, ки нархи маҳсулотро аз балоравӣ нигоҳдоранд, зеро ин ҳам як амали хайру савоб аст. Ҳоло нархи гӯшт дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд (устухондор) 90 сомонӣ ва (лаҳм) 110 – 115 сомонӣ аст. Дар мағозаҳо нархи гӯшт (лаҳми бе равған) то 135 сомонӣ дакка задааст. Ду ҳафта қабл нархи ин маҳсулоти ғизоӣ 85 – 100 ва ё 110 сомонӣ буд. “Ин вазъ вобаста баталабот аст ва агар хариди мол бештар шавад, қимати он ҳам боло меравад” – гуфт, як гӯштфурӯши бозор. Бино ба мушоҳидаҳо, дар баробари нархи гӯшт қимати равған ҳам баланд шудааст. Ҳоло нархи 5 литр равғани растанӣ истеҳсоли ватанӣ 80 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле, ки чанд рӯз қабл ин навъ маҳсулотро бо 70 - 75 сомонӣ харидан имконпазир буд. Растаи биринҷфурушӣ ҳам як бахши асосии бозорҳо маҳсуб мешавад ва ҳамеша он серодам аст. Аз нархномаҳое, ки насб шудаанд, дида мешавад, ки нархи биринҷ дар моҳи Рамазон то 14 – 16 сомонӣ поён шудааст. Ду ҳафта қабл нархи биринҷ аз 18 то 22 сомонӣ дакка зада буд. Айюб Солиев, яке аз биринҷфурӯшони бозори шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба бозор интиқол додани захираҳои шолии ҳосили соли қаблӣ барзонии ин маҳсулот шудааст.Баъзе аз фурӯшандаҳо дар бораи арзонкуниву амали савоб дар моҳи Рамазон ҳам таъкид мекарданд. “Мо кӯшиш мекунем,ки дар моҳи шарифи Рамазон нархҳоро нигоҳ дорем, балки поён кунем ва ин кор баракату аҷру савоби бештар меоварад” – зикр кард, фурӯшанда. Бар пояи иттилоъи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимнан нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар калонтарин бозори Хуҷанд чунин аст: Гӯшт 90 - 120 сомонӣ, Равған 80 - 85, биринҷ 14 - 16, тухм 45 - 50, картошка 5 - 7, пиёз 2 - 3 ва сабзӣ 4 сомонӣ.Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон қабл аз оғози моҳи Рамазон ба масъалаи ба таври сунъӣ баланд рафтани қимати маводи озуқа дар бозору дӯконҳо ибрози назар карда гуфт, ки ин моҳ на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ӯ аз фурӯшандагон хост дар ин моҳ молу маҳсулоти худро қимат накунанд."Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, - таъкид кард оқои Абдуқодирзода.
https://sputnik.tj/20250303/ramazon-boloravi-narkh-nigaroni-vkd-jahishi-qimati-mahsulot-bozor-1066431502.html
https://sputnik.tj/20250228/muftii-tojikiston-suni-bolo-burdani-narkh-ramazon-amali-badtarin-1066394270.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/46/1026054683_650:0:5871:3916_1920x0_80_0_0_a12dff601db9a76a59ea22fffa16286e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
харидор рамазон зиёд қимат маҳсулот суғд гарон
харидор рамазон зиёд қимат маҳсулот суғд гарон
Харидор дар Рамазон зиёд шуд: қимати баъзе маҳсулот дар Суғд гарон шудааст
18:45 16.03.2025 (Навсозишуда: 13:23 17.03.2025) Дар моҳи Рамазон дар шимоли Тоҷикистон низ болоравии қимати молу маҳсулот, аз ҷумла ниёзи аввал ба таври қобили мулоҳиза ба назар мерасад.
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Таҷамӯъӣ хариддорон дар растаҳои гӯшту равғанфурӯшиҳои бозорҳои Суғд ин рӯзҳо бештар мушоҳида мешавад ва маълум, ки ин ҳолат ба ҷаҳиши нархи мол бе таъсир намондааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба чанде аз бозорҳои Суғд рафта маълум кард, ки дар моҳи Рамазон кадом маҳсулоти ғизоӣ арзону кадоме гарон шудааст
Зимни суҳбат шуморе аз фурӯшандаҳо изҳор мекарданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон кӯшиш мекунанд, ки нархи маҳсулотро аз балоравӣ нигоҳдоранд, зеро ин ҳам як амали хайру савоб аст.
Ҳоло нархи гӯшт дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд (устухондор) 90 сомонӣ ва (лаҳм) 110 – 115 сомонӣ аст. Дар мағозаҳо нархи гӯшт (лаҳми бе равған) то 135 сомонӣ дакка задааст.
Ду ҳафта қабл нархи ин маҳсулоти ғизоӣ 85 – 100 ва ё 110 сомонӣ буд.
“Ин вазъ вобаста баталабот аст ва агар хариди мол бештар шавад, қимати он ҳам боло меравад” – гуфт, як гӯштфурӯши бозор.
Бино ба мушоҳидаҳо, дар баробари нархи гӯшт қимати равған ҳам баланд шудааст.
Ҳоло нархи 5 литр равғани растанӣ истеҳсоли ватанӣ 80 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле, ки чанд рӯз қабл ин навъ маҳсулотро бо 70 - 75 сомонӣ харидан имконпазир буд.
Растаи биринҷфурушӣ ҳам як бахши асосии бозорҳо маҳсуб мешавад ва ҳамеша он серодам аст. Аз нархномаҳое, ки насб шудаанд, дида мешавад, ки нархи биринҷ дар моҳи Рамазон то 14 – 16 сомонӣ поён шудааст.
Ду ҳафта қабл нархи биринҷ аз 18 то 22 сомонӣ дакка зада буд.
Айюб Солиев, яке аз биринҷфурӯшони бозори шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба бозор интиқол додани захираҳои шолии ҳосили соли қаблӣ барзонии ин маҳсулот шудааст.
Баъзе аз фурӯшандаҳо дар бораи арзонкуниву амали савоб дар моҳи Рамазон ҳам таъкид мекарданд.
“Мо кӯшиш мекунем,ки дар моҳи шарифи Рамазон нархҳоро нигоҳ дорем, балки поён кунем ва ин кор баракату аҷру савоби бештар меоварад” – зикр кард, фурӯшанда.
Бар пояи иттилоъи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимнан нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар калонтарин бозори Хуҷанд чунин аст: Гӯшт 90 - 120 сомонӣ, Равған 80 - 85, биринҷ 14 - 16, тухм 45 - 50, картошка 5 - 7, пиёз 2 - 3 ва сабзӣ 4 сомонӣ.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон қабл аз оғози моҳи Рамазон ба масъалаи ба таври сунъӣ баланд рафтани қимати маводи озуқа дар бозору дӯконҳо ибрози назар карда гуфт, ки ин моҳ на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.
Ӯ аз фурӯшандагон хост дар ин моҳ молу маҳсулоти худро қимат накунанд.
"Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, - таъкид кард оқои Абдуқодирзода.