https://sputnik.tj/20250228/muftii-tojikiston-suni-bolo-burdani-narkh-ramazon-amali-badtarin-1066394270.html
Муфтии Тоҷикистон: Ба таври сунъӣ боло бурдани нарх дар моҳи Рамазон амали бадтарин аст
Муфтии Тоҷикистон: Ба таври сунъӣ боло бурдани нарх дар моҳи Рамазон амали бадтарин аст
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба масъалаи ба таври сунъӣ баланд рафтани қимати маводи озуқа дар бозору дӯконҳо ишора намуд
2025-02-28T14:16+0500
2025-02-28T14:16+0500
2025-02-28T14:21+0500
дар тоҷикистон
шӯрои муфтиёт
муфтӣ
саидмукаррам абдулқодирзода
нарх
дар бозорҳо
моҳи рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1a/1051668333_0:269:3072:1997_1920x0_80_0_0_2a88f83c8e5b3d7e3621f9090b3ee849.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдуқодирзода моҳи Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.Муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд.Вай илова кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом (с) фармудаанд: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод".Ҳамчунин ба андешаи Раиси Шурои уламои Маркази исломӣ, аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор дар байни ҷомеа.Муфтӣ мегӯяд, ки яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон мебошад."Ҳамватанони моро зарур аст, ки дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи наку бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхорию меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардию олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд",-афзуд Саидмукаррам Абдуқодирзода.
https://sputnik.tj/20250228/ki-metavonad-mohi-ramazon-ruza-nagirad-sharhi-shuroi-ulamo-1066393598.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1a/1051668333_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4969d550ea4780d08b6b7ad59b2b8d49.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муфтӣ, моҳи рамазон, нарх, бозорҳо, қимати маводи озуқа, бозорҳо
тоҷикистон, муфтӣ, моҳи рамазон, нарх, бозорҳо, қимати маводи озуқа, бозорҳо
Муфтии Тоҷикистон: Ба таври сунъӣ боло бурдани нарх дар моҳи Рамазон амали бадтарин аст
14:16 28.02.2025 (Навсозишуда: 14:21 28.02.2025) Ахиран раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба масъалаи ба таври сунъӣ баланд рафтани қимати маводи озуқа дар бозору дӯконҳо ишора намуд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдуқодирзода моҳи Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.
Муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд.
"Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, - таъкид кард оқои Абдуқодирзода.
Вай илова кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом (с) фармудаанд: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод".
Ҳамчунин ба андешаи Раиси Шурои уламои Маркази исломӣ, аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор дар байни ҷомеа.
"Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст",-мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Муфтӣ мегӯяд, ки яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон мебошад.
"Ҳамватанони моро зарур аст, ки дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи наку бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхорию меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардию олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд",-афзуд Саидмукаррам Абдуқодирзода.