Хатти интиқоли барқи 500 кВт байни Тоҷикистону Қирғизистон ба истифода дода мешавад

© Sputnik / Андрей Сорокин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач в мороз, архивное фото
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2025
Обуна шудан
Ин масъала дар муоқоти вазири энергетикаи Тоҷикистон ва муовини вазири энергетикаи Қирғизистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Интизор меравад, байни Тоҷикистону Қирғизистон хатти интиқоли барқи 500 кВт ба истифода дода шавад.
Ин масъала дар мулоқоти муовини вазири энергетика захоири оби Тоҷикистон, Манучеҳр Сафарзода ва муовини вазири энергетикаи Қирғизистон, Назгул Усенов мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон.
Ҳар ду ҷониб дақиқан рӯзи ба истифода додани хатти интиқоли барқро нагуфтанд.
Манбаъ афзуд, ки дар мулоқот ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика байни ду давлати ҳамсоя дар оянда низ густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қаблан, Далер Ҷумъа вазири энергетика дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки лоиҳаи CASA-1000 соли 2027 ба кор хоҳад даромад.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2025
Вазири энергетика гуфт, кай лоиҳаи CASA-1000 ба кор медарояд
Ба гуфтаи вай, ҳоло корҳои сохтмонии лоиҳа дар қисмати Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик хатҳои интиқоли барқ вобаста ба пуружа миёни кишварҳо пайваст хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0