https://sputnik.tj/20250313/ekraina-etirof-amaliyot-mintaqa-kursk-anjom-el-pais-1066540131.html
Расонаҳои хориҷӣ: Украина эътироф кард, ки амалиёт дар минтақаи Курск ба зудӣ анҷом меёбад
Расонаҳои хориҷӣ: Украина эътироф кард, ки амалиёт дар минтақаи Курск ба зудӣ анҷом меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан расонаҳои хориҷӣ хабар доданд, ки бахши аъзами нирӯҳои Украина эҳтимолан вилояти Курскро тарк карда, ба он тарафи марз мустақар шудаанд 13.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-13T10:46+0500
2025-03-13T10:46+0500
2025-03-12T19:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёти вижа
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0b/1066530262_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_9fc12d45dbfb1dc9cedec2ba038d9c13.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Артиши Украина бовар дорад, ки амалиёти минбаъдаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск ҳамагӣ чанд рӯз ва ё ҳафта идома мекунаду халос, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ. Ба гуфтаи хизматчиёни ҳарбӣ, дар фронт вазъиятҳое ба амал омаданд, ки онҳоро шарҳ додан ғайриимкон аст. Гуфта мешавад, он ҷо чӣ ҳодисоте, ки рух додааст, танҳо фармондеҳи олӣ ва сардорони бригадаҳо медонанд." Алоқа миёни фармондеҳони вилояти Сумӣ ва гурӯҳҳо дар минтақаи марзии Курск алакай аз байн рафтааст ва хатари рахна шудани артиши Украина хеле зиёд аст. Расонаҳо менависад, мумкин аст 6-10 ҳазор низомии украинӣ дар вилояти Курск муҳосира шаванд. Тавре яке аз манобеъи нашрия хабар дод, ҳоло ҳадаф тахлияи ин нерӯҳо аст, аммо онҳо бояд пиёда раванд, зеро ҳаракат дар ин роҳ "бо сабаби ҳавопаймоҳои бесарнишин, бомбаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаҳои Русия амалан ғайриимкон аст". Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки Кремл иттилооти низомиёнро дар вилояти Курск бодиққат назорат мекунад.Қаблан расонаҳои хориҷӣ хабар доданд, ки бахши аъзами нирӯҳои Украина, аз ҷумла чанде аз “вазнинтарин бригадаҳо”, эҳтимолан вилояти Курскро тарк карда, ба он тарафи марз мустақар шудаанд. Қайд мешавад, ки зарбаҳои дақиқи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯзи 25 феврал даҳҳо мошини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар шоҳроҳи асосӣ ба сӯи Судҷа аз кор монданд. Субҳи барвақти 6 августи соли 2024 воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрави Русия ба вилояти Курск ҳамла карданд. Калонтарин минтақаи аҳолинишин, ки онҳо тавонистаанд таҳти назорат гиранд, Судҷа буд. Аз ин рӯ, шаҳр ҳамчун маркази асосии логистикӣ истифода мешуд, ки ба воситаи он Киев қисмҳои худро дар тамоми деҳаҳо ва шаҳрҳои наздик таъмин мекард. Дар охири ҳафтаи гузашта артиши Русия дар вилояти Курск ба ҳуҷуми калон cap карда, дар давоми якчанд рӯз бисёр маҳаллаҳои зиёди аҳолинишин, аз ҷумла Старая Сорочина, Малая Локня, Черкасское Поречное, Мартиновка, Михайловка ва ғайраро озод карданд. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни набардҳо дар минтақаи марзии Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 66 ҳазор сарбоз, ҳудуди 400 танк ва ҳазорон воҳиди техникаи дигарро талаф доданд.
https://sputnik.tj/20250311/artishi-rusiya-deha-kurskro-ukraini-ozod-1066526570.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0b/1066530262_228:0:2957:2047_1920x0_80_0_0_5d79a110fd380e6e6ccdc66980a38aef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, амният ва мудофиа
русия, украина, амалиёти вижа, амният ва мудофиа
Расонаҳои хориҷӣ: Украина эътироф кард, ки амалиёт дар минтақаи Курск ба зудӣ анҷом меёбад
Қаблан расонаҳои хориҷӣ хабар доданд, ки бахши аъзами нирӯҳои Украина эҳтимолан вилояти Курскро тарк карда, ба он тарафи марз мустақар шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Артиши Украина бовар дорад, ки амалиёти минбаъдаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск ҳамагӣ чанд рӯз ва ё ҳафта идома мекунаду халос, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи хизматчиёни ҳарбӣ, дар фронт вазъиятҳое ба амал омаданд, ки онҳоро шарҳ додан ғайриимкон аст.
Гуфта мешавад, он ҷо чӣ ҳодисоте, ки рух додааст, танҳо фармондеҳи олӣ ва сардорони бригадаҳо медонанд."
Алоқа миёни фармондеҳони вилояти Сумӣ ва гурӯҳҳо дар минтақаи марзии Курск алакай аз байн рафтааст ва хатари рахна шудани артиши Украина хеле зиёд аст.
Расонаҳо менависад, мумкин аст 6-10 ҳазор низомии украинӣ дар вилояти Курск муҳосира шаванд. Тавре яке аз манобеъи нашрия хабар дод, ҳоло ҳадаф тахлияи ин нерӯҳо аст, аммо онҳо бояд пиёда раванд, зеро ҳаракат дар ин роҳ "бо сабаби ҳавопаймоҳои бесарнишин, бомбаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаҳои Русия амалан ғайриимкон аст".
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки Кремл иттилооти низомиёнро дар вилояти Курск бодиққат назорат мекунад.
"Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки нерӯҳои мо бомуваффақият пеш рафта, манотиқи таҳти назорати ҷангҷӯёнро озод мекунанд", -гуфт Песков.
Қаблан расонаҳои хориҷӣ хабар доданд, ки бахши аъзами нирӯҳои Украина, аз ҷумла чанде аз “вазнинтарин бригадаҳо”, эҳтимолан вилояти Курскро тарк карда, ба он тарафи марз мустақар шудаанд.
Қайд мешавад, ки зарбаҳои дақиқи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯзи 25 феврал даҳҳо мошини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар шоҳроҳи асосӣ ба сӯи Судҷа аз кор монданд.
Субҳи барвақти 6 августи соли 2024 воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрави Русия ба вилояти Курск ҳамла карданд. Калонтарин минтақаи аҳолинишин, ки онҳо тавонистаанд таҳти назорат гиранд, Судҷа буд. Аз ин рӯ, шаҳр ҳамчун маркази асосии логистикӣ истифода мешуд, ки ба воситаи он Киев қисмҳои худро дар тамоми деҳаҳо ва шаҳрҳои наздик таъмин мекард.
Дар охири ҳафтаи гузашта артиши Русия дар вилояти Курск ба ҳуҷуми калон cap карда, дар давоми якчанд рӯз бисёр маҳаллаҳои зиёди аҳолинишин, аз ҷумла Старая Сорочина, Малая Локня, Черкасское Поречное, Мартиновка, Михайловка ва ғайраро озод карданд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни набардҳо дар минтақаи марзии Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 66 ҳазор сарбоз, ҳудуди 400 танк ва ҳазорон воҳиди техникаи дигарро талаф доданд.