https://sputnik.tj/20250316/alisherov-iiao-unsuri-muhim-sokhtor-iqtisod-jahon-tashakkul-1066584445.html
Алишеров гуфт, ИИАО ҳамчун унсури муҳими сохтори иқтисодии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст
Алишеров гуфт, ИИАО ҳамчун унсури муҳими сохтори иқтисодии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамгироии иқтисодии Авруосиё афзоиши нишондиҳандаҳои асосии рушди панҷгонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро таъмин менамояд
2025-03-16T16:04+0500
2025-03-16T16:04+0500
2025-03-17T11:56+0500
ииао
тиҷорат
иқтисод
ҳамгироӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/10/1066587490_0:109:1400:897_1920x0_80_0_0_5328bf7562ea876d308618a6da1a3b5b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир ИИАО ҳамчун унсури муҳими меъмории иқтисодии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст, гуфт вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди КИАО Элдар Алишеров.Ӯ ин нуктаро зимни конфронси дар бораи дастовардҳои ҳамгироии иқтисодии Авруосиё дар даҳсолаи кори созмон изҳор дошт.Комиссия 46 меморандуми тафоҳумро бо созмонҳои гуногунсамт ва махсусгардонидашудаи байналмилалӣ, 14 - бо ҳамгироии минтақавӣ ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, инчунин 30 меморандуми ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳои кишварҳои сеюм ба имзо расонд. Илова бар ин ба гуфтаи вай, миёни ИИАО ва кишварҳои сеюм чаҳор созишномаи тиҷоратӣ мавҷуд аст: Ветнам, Эрон, Чин ва Сербия.Айни замон барои ба даст овардани созишҳо оид ба озодсозии низомҳои савдо бо АМА, Индонезия ва Му-улистон корҳои фаъол идома доранд.Мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ ба гуфтушунид бо ИИАО таваҷҷуҳи зиёд доранд ва муносибатҳо бо Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, инчунин бо кишварҳои ин минтака дар асоси дутарафа фаъолона инкишоф меёбанд. "Муносибатҳо бо шарикони наздиктарини мо – ИДМ, СҲШ, БРИКС, АДОҶШ, албатта дар афзалият боқӣ мемонад, сарфи назар аз мушкилоти геоиқтисодӣ, шумораи шарикони нави созмон афзоиш меёбад", - таъкид кард вазир. Ба гуфтаи Алишеров, ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ба иқтисодиёт таъсири қавии мӯътадилкунанда ва ҳавасмандкунанда дошта, афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои асосии рушди кишварҳои "панҷгона"-и ИИАО-ро таъмин мекунад.Ӯ афзуд, ки сохтори нави масирҳои тиҷорат, нақлиёт ва логистика, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёнҳои молиявӣ дар минтақа дар баробари сиёсати фаъоли иқтисодӣ барои рушди фаъоли иқтисодӣ дар ИИАО ангезае гардид, ки боиси рушди созмон шуд.
https://sputnik.tj/20250314/intiqol-neru-barq-kishvarho-iiao-imkonpazir-1066569520.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/10/1066587490_81:0:1293:909_1920x0_80_0_0_e2d7170dccb7115d42d67bff661993bc.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алишеров ииао сохтор иқтисод ҷаҳон ташаккул
алишеров ииао сохтор иқтисод ҷаҳон ташаккул
Алишеров гуфт, ИИАО ҳамчун унсури муҳими сохтори иқтисодии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст
16:04 16.03.2025 (Навсозишуда: 11:56 17.03.2025) Ҳамгироии иқтисодии Авруосиё афзоиши нишондиҳандаҳои асосии рушди панҷгонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир ИИАО ҳамчун унсури муҳими меъмории иқтисодии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст, гуфт вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди КИАО Элдар Алишеров.
Ӯ ин нуктаро зимни конфронси дар бораи дастовардҳои ҳамгироии иқтисодии Авруосиё дар даҳсолаи кори созмон изҳор дошт.
"Инфрасохтори пуриқтидор фароҳам оварда шудааст, ки шарикони калидиро фаро мегирад ва имкон медиҳад, ки муколамаи ҳамаҷониба ба манфиати баланд бардоштани устувории иқтисодиёти кишварҳои узв, ҳалли мушкилоти ҳамгироии ИИАО ба меъмории ҷаҳонии муносибатҳои иқтисодӣ, тавсеаи ҷуғрофиё ва ҳаҷми содирот, инчунин ҷалби сармоя ва технологияҳои хориҷӣ фароҳам шавад",- таъкид кард ӯ.
Комиссия 46 меморандуми тафоҳумро бо созмонҳои гуногунсамт ва махсусгардонидашудаи байналмилалӣ, 14 - бо ҳамгироии минтақавӣ ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, инчунин 30 меморандуми ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳои кишварҳои сеюм ба имзо расонд.
Илова бар ин ба гуфтаи вай, миёни ИИАО ва кишварҳои сеюм чаҳор созишномаи тиҷоратӣ мавҷуд аст: Ветнам, Эрон, Чин ва Сербия.
Айни замон барои ба даст овардани созишҳо оид ба озодсозии низомҳои савдо бо АМА, Индонезия ва Му-улистон корҳои фаъол идома доранд.
Мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ ба гуфтушунид бо ИИАО таваҷҷуҳи зиёд доранд ва муносибатҳо бо Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, инчунин бо кишварҳои ин минтака дар асоси дутарафа фаъолона инкишоф меёбанд.
"Муносибатҳо бо шарикони наздиктарини мо – ИДМ, СҲШ, БРИКС, АДОҶШ, албатта дар афзалият боқӣ мемонад, сарфи назар аз мушкилоти геоиқтисодӣ, шумораи шарикони нави созмон афзоиш меёбад", - таъкид кард вазир.
Ба гуфтаи Алишеров, ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ба иқтисодиёт таъсири қавии мӯътадилкунанда ва ҳавасмандкунанда дошта, афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои асосии рушди кишварҳои "панҷгона"-и ИИАО-ро таъмин мекунад.
Ӯ афзуд, ки сохтори нави масирҳои тиҷорат, нақлиёт ва логистика, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёнҳои молиявӣ дар минтақа дар баробари сиёсати фаъоли иқтисодӣ барои рушди фаъоли иқтисодӣ дар ИИАО ангезае гардид, ки боиси рушди созмон шуд.