https://sputnik.tj/20250314/intiqol-neru-barq-kishvarho-iiao-imkonpazir-1066569520.html
Интиқоли нерӯи барқ байни кишварҳои ИИАО имконпазир мегардад
Интиқоли нерӯи барқ байни кишварҳои ИИАО имконпазир мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамин тариқ, панҷ кишвари аъзои ин иттиҳодия дар бозори умумӣ муттаҳид мешаванд
2025-03-14T15:50+0500
2025-03-14T15:50+0500
2025-03-14T15:50+0500
ииао
энергетика
нерӯи барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бозори умумии нерӯи барқи ИИАО дастрасии озод ба шабакаҳо ва интиқоли фаромарзии нерӯи барқро байни кишварҳои иттиҳод таъмин мекунад.Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.Директори департаменти энергетикаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё Вадим Закревский изҳор дошт, ки санади ниҳоӣ қабул шудааст, ки ба бастаи асноди ташаккули бозори умумии нерӯи барқ ва роҳандозии он шомил шудааст.Ба таъкиди ӯ, қабули ин ҳуҷҷатҳо ва ба кор андохтани онҳо ҳадди ақалл барои истифодаи иқтидорҳои энергетикии дохилӣ шароити бемамоният фароҳам оварда, ҳайати васеътари бозори умумии нерӯи барқро ташкил медиҳад."Бозори барқ чунин моддаи ҳаракаткунанда аст, доимо он нафас мекашад, кор мекунд. Аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол дода мешавад", - қайд кард намояндаи КИАО.Дар идома Закревский таъкид кард, бозори умумии энергетикӣ нафъи калон дорад.ИИАО и Тоҷикистон Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд. Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20250131/soli-duum-ast-ki-surati-rushdi-iqtisodii-iiao-az-sathi-miyonai-jahoni-balandtar-ast-1066071876.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао энергетика нерӯи барқ
ииао энергетика нерӯи барқ
Интиқоли нерӯи барқ байни кишварҳои ИИАО имконпазир мегардад
Ҳамин тариқ, панҷ кишвари аъзои ин иттиҳодия дар бозори умумӣ муттаҳид мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бозори умумии нерӯи барқи ИИАО дастрасии озод ба шабакаҳо ва интиқоли фаромарзии нерӯи барқро байни кишварҳои иттиҳод таъмин мекунад.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
Директори департаменти энергетикаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё Вадим Закревский изҳор дошт, ки санади ниҳоӣ қабул шудааст, ки ба бастаи асноди ташаккули бозори умумии нерӯи барқ ва роҳандозии он шомил шудааст.
"Дарвоқеъ, он дурнамои ҷиддӣ дорад. Ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи мо беш аз 40 млрд киловатт соатро ташкил медиҳад. Мубодилаи мутақобилаи нерӯи барқ байни панҷ кишвар метавонад беш аз 40-47 млрд киловатт соатро ташкил диҳад", - тавзеҳ дод Закревский.
Ба таъкиди ӯ, қабули ин ҳуҷҷатҳо ва ба кор андохтани онҳо ҳадди ақалл барои истифодаи иқтидорҳои энергетикии дохилӣ шароити бемамоният фароҳам оварда, ҳайати васеътари бозори умумии нерӯи барқро ташкил медиҳад.
"Бозори барқ чунин моддаи ҳаракаткунанда аст, доимо он нафас мекашад, кор мекунд. Аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол дода мешавад", - қайд кард намояндаи КИАО.
Дар идома Закревский таъкид кард, бозори умумии энергетикӣ нафъи калон дорад.
ИИАО и Тоҷикистон Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.