Таҷлили Наврӯзи дӯстӣ дар ноҳияҳои наздимарзии Исфара ва Бодканд - видео

Обуна шудан
Бобаробари боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар ин ду минтақаи наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон иди Наврӯзро бо иштироки ҳамдигар бо тантанаи хос таҷлил карданд
Садҳо нафар сокинони наздимарзии навоҳии Исфараву Бодканд ба идгоҳҳо омада ва ҳамдигарро ба ҷашиди баҳору наврӯз, ибтидо ба бозшавии гузаргоҳҳо табрик мекарданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи дӯстии шаҳри Исфарава ноҳияи Бодканд иштирок кард ва лаҳзаҳоеро аз ин ду маросим ба навор гирифт.
Роҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Айбек Шаменов ва инчунин раисони ноҳияҳои ҳаммарз ба идгоҳи ҳамдигар ташриф оварда, мардумони наздимарзиро ба фарорасии ин руйдоди муҳим шодбош намуданд.
Ҳафт сину ҳафт шин, фатир ва оши палави тоҷикӣ ва чак чак, қотурма, бешбармоқ ва дигар хуришҳои қирғизӣ барои иштирокдорони чорабиниҳо пешниҳод карда шуд ва басо зебову бошукӯҳ буд.
Аз чеҳраҳои иштирокдорони маросим ҳувайдо буд, ки онҳо дер боз ин рӯзҳои пурнишотро интизор буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд табодули колоро то 500 миллион доллар расонанд
Зимни суҳбат сокинони наздимарзии Исфараву Бодканд аз кушодашавии сарҳад, эҳсоси шодмонии худро нисор мекарданд.
Ҳокимони Суғду Бодканд баргузории таҷлили Наврӯзро рамзи эҳтиром, ойини ҳамсоядорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва талоши муштарак барои сулҳу шукуфоии дуҷониба таъкид карданд.
Онҳо зикр карданд, ки бозкушоии гузаргоҳҳо натанҳо робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро тақвият мебахшад, балки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироии фарҳангии ду халқ заминаи устувор мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0