Дар Хатлон кишти пахтаро бо усули муосир оғоз карданд

© Foto / Пресс-служба Хатлонской областиДавлатали Саид собирает хлопок. Архивное фото
Давлатали Саид собирает хлопок. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2025
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон дар ду хоҷагӣ дар маъракаи оғози кишти пахта бо усули муосир иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар вилояти Хатлон кишти пахта бо усули муосир аз хоҷагиҳои деҳқонии "Ҷамолиддин" ва "Уралбобо" оғоз ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар дода, афзуд, ки дар маъракаи оғози кишти пахта Давлаталӣ Саид иштирок кард.
Ба иттилои манбаъ, ин хоҷагиҳо дар алоҳидагӣ 13 гектар замини корам дошта, дар 7 гектари он бо усули муосир кишти пунбадона анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи кишоварзони соҳибтаҷриба, ҳангоми истифодаи технологияи зери плёнка ҳосилнокӣ то 58 сентнер аз ҳар гектар мерасад, ки нисбат ба усули анъанавӣ бештар мебошад.
Заглушка к инфографике Таджикистан - страна хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2024
Суди Тоҷикистон аз тилои сафед - тасвирбаён
Зикр гардид. ки ҳангоми мулоқот бо масъулини ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилоят таъкид намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Зимнан, масъалаи саривақт таъмин намудани кишоварзон бо тухмии хушсифат низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт ва раис иброз дошт, ки идораҳои дахлдор дар ин самт ҳамкории наздикро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта нақшаи пахта иҷро нашуд.
Суди Тоҷикистон аз тилои сафед - тасвирбаён
Бино ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли гузашта тибқи Қарори ҳукумати Тоҷикистон дурнамои истеҳсоли пахта 434,9 ҳазор тон пешбинӣ шуда буд, аммо ҳамагӣ 253,3 ҳазор тон тавлид шуд, ки ин рақам 58,2% - и нақша ва ҳатто дар қиёс бо соли 2023 (344,3 ҳазор тон) 26,5% кам аст.
Лентаи хабарҳо
0