Суди Тоҷикистон аз тилои сафед - тасвирбаён

Обуна шудан
Пахта дар Тоҷикистон яке аз маҳсулоти содиротии аслии кишвар буда, дар баробари ин кишоварзон аз он равған ва кунҷораро ба даст меоранд
Дар хоҷагиҳои пахтапарвари Тоҷикистон наздики 412 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида ба корхонаҳои коркарди пахта 344 ҳазор тонна супорида шудааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин миқдор ҳосил аз майдони тақрибан 175 ҳазор гектар ҷамъоварӣ гардидаст, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар ҳудуди 21 сентнерро ташкил медиҳад.
Пахта дар Тоҷикистон яке аз маҳсулоти содиротии аслии кишвар буда, дар баробари ин кишоварзон аз он равған ва кунҷораро ба даст меоранд.
Кишти пахта дар Спитамену Зафаробод оғоз ёфт
Соли гузашта, ҳарчанд содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар ба таври назаррас зиёд шуд, дар қиёс бо соли қаблӣ даромад чандон фарқияте надошт.
Аз ҷумла тибқи иттилои расмӣ, содироти пахтаи Тоҷикистон дар соли 2023 ба зиёда аз 109 ҳазор тон ба маблағи беш аз 198,5 млн доллар расидааст. Ин нишондод соли 2022 ба зиёда аз 81 ҳазор тон ба маблағи зиёда аз 194,6 млн доллар буд.
Ба ҳисоби миёна соли 2022 Тоҷикистон нахи пахтаашро 2,4 ҳазор доллар ва соли 2023, 1,8 ҳазор доллар сари тон фурӯхтааст.
Аз ин хотир, ҳарчанд 28,2 ҳазор тон содироти нахи пахта зиёд шудааст, аммо фарқияти маблағ камтар аз аз 4 млн долларро ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0