https://sputnik.tj/20250313/yatimov-sozishnomai-marz-manfiat-du-davlat-ba-nazar-girifta-1066560533.html
Ятимов дар бораи созишномаи марз: “Манфиати ду давлат ба назар гирифта шуд”
Ятимов дар бораи созишномаи марз: “Манфиати ду давлат ба назар гирифта шуд”
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистону Қирғизистонро дар бораи марз ва норозигии бархеҳо шарҳ дод
2025-03-13T17:59+0500
2025-03-13T17:59+0500
2025-03-13T17:59+0500
дар тоҷикистон
саймумин ятимов
кдам
қирғизистон
созишнома
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102207/13/1022071323_160:15:1261:634_1920x0_80_0_0_67db95ba32bc5c95f308b1cc8d8c1ea4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раиси КДАМ Саймӯъмин Ятимов, ки ҳамроҳ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек, дар маросими имзои созишномаи марзӣ бо Қирғизистон иштирок дошт, гуфт, масъалаи марз танҳо ба манфиати ду кишвар ҳал шудааст ва норозигиҳо як амри маъмулист.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март дар баробари имзои созишномаи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек бо иштироки президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, ду гузаргоҳи марзӣ ҳам ба таври тантанавӣ боз шуданд.Акнун гузаргоҳҳои марзӣ, ки чаҳор сол боз баста шуда буданд, дубора боз шуданд.Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба таври фосалавӣ ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишварро боз кардаанд.Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"- “Қизил-Бел” ва "Маданият" - "Кайрагач"-ро расман боз карданд.Раҳбарони ду кишвар зимни ифтитоҳи гузаргоҳҳоии марзӣ қайд карданд, ки марҳала ба марҳала гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҳам боз шаванд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март момалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишномаро дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расонданд.Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст.Бояд қайд кард, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи байниҳукуматии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифодаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
https://sputnik.tj/20250313/tojikiston-qirghiziston-guzargohhoi-marziro-boz-kardand-1066554811.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102207/13/1022071323_187:0:1238:788_1920x0_80_0_0_c1585556f4286c0c97f95e8e7904f4ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, кдам, саймумин ятимов, манфиат, созишномаи марз,
тоҷикистон, қирғизистон, кдам, саймумин ятимов, манфиат, созишномаи марз,
Ятимов дар бораи созишномаи марз: “Манфиати ду давлат ба назар гирифта шуд”
Раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистону Қирғизистонро дар бораи марз ва норозигии бархеҳо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раиси КДАМ Саймӯъмин Ятимов, ки ҳамроҳ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек, дар маросими имзои созишномаи марзӣ бо Қирғизистон иштирок дошт, гуфт, масъалаи марз танҳо ба манфиати ду кишвар ҳал шудааст ва норозигиҳо як амри маъмулист.
“Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд, вале ин муҳим нест. Муҳим дар он аст, ки ба манфиати ҳарду давлат ҳал шуд. Ҳоло муносибатҳо бародарона, таърихӣ, мисли бародарони хунӣ хоҳанд шуд. Масъалаи бозкушоии ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ усулан ҳал шудааст”, - гуфт Ятимов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март дар баробари имзои созишномаи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек бо иштироки президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, ду гузаргоҳи марзӣ ҳам ба таври тантанавӣ боз шуданд.
Акнун гузаргоҳҳои марзӣ, ки чаҳор сол боз баста шуда буданд, дубора боз шуданд.
Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба таври фосалавӣ ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишварро боз кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"- “Қизил-Бел” ва "Маданият" - "Кайрагач"-ро расман боз карданд.
Раҳбарони ду кишвар зимни ифтитоҳи гузаргоҳҳоии марзӣ қайд карданд, ки марҳала ба марҳала гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҳам боз шаванд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март момалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишномаро дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расонданд.
Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст.
Бояд қайд кард, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи байниҳукуматии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.
Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифодаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.