https://sputnik.tj/20250314/matvienko-rahmon-shodbosh-sahm-tahkim-tojikiston-1066565899.html
Матвиенко Раҳмонро шодбош гуфта, саҳми ӯро дар таҳкими Тоҷикистон таъкид кард
Матвиенко Раҳмонро шодбош гуфта, саҳми ӯро дар таҳкими Тоҷикистон таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба кишвардори Тоҷикистон саломатӣ таманно намуда, дар фаъолияти пурмасъулаш барору комёбӣ таманно кардалатаи болоии парлумони Русия
2025-03-14T13:57+0500
2025-03-14T13:57+0500
2025-03-14T14:11+0500
интихоботи парлумонӣ дар тоҷикистон-2025
дар тоҷикистон
русия
сиёсат
интихоботи парлумонӣ
эмомалӣ раҳмон
валентина матвиенко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063768809_0:127:3165:1907_1920x0_80_0_0_2eef9e01a0804a868b9c671d43a25121.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.Матвиенко дар паёми шодбошии худ саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон қайд кард.Вай қайд кард, ки сенаторҳои Русия таваҷҷуҳи шахсии ӯро ба дипломатияи порлумонӣ махсусан қадр мекунанд ва омодаанд барои густариши равобити Русияву Тоҷикистон тамоми талошро ба харҷ диҳанд. Русия аз баргузории бомуваффақияти интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон истиқбол мекунадДар идомаи матни нома чунин омадааст: "Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, ман шуморо ҳамчун сиёсатмадори хирадманду дурандеш, ки пайваста аз манфиатҳои миллии кишвараш ҳимоят мекунад, солҳои зиёд мешиносам. Ошкорбаёнӣ ва ғамхории шумо ба сарнавишти мардумро қадр мекунам".Ёдовар мешавем, рӯзи 2 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуда буд.Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, раиси Маркази интихобот ва раъйпурсӣ, 4,7 млн интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3% шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.Дар интихоботи парлумони ҳизби ҳоким бо касби 51,9% овозҳо пирӯз шуд.Бахтиёр Худоёрзода хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ курсиҳо дар порлумон дар рӯйхати ҳизбӣ чунин тақсим карда шуданд:Ҳизби коммунистии Тоҷикистон натавонист дар интихобот раъйи кофӣ бигирад ва ба ҳамин хотир аз гирифтани курси дар парлумони Тоҷикистон канор монд.
https://sputnik.tj/20250303/hizbi-rahmon-piruz-shud-natijai-intikhobot-parlumoni-tojikiston-1066423418.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063768809_130:0:2859:2047_1920x0_80_0_0_dd6dcf358afb17401658323c0cc5c349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
матвиенко раҳмон интихоботи парлумонӣ тоҷикистон
матвиенко раҳмон интихоботи парлумонӣ тоҷикистон
Матвиенко Раҳмонро шодбош гуфта, саҳми ӯро дар таҳкими Тоҷикистон таъкид кард
13:57 14.03.2025 (Навсозишуда: 14:11 14.03.2025) Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба кишвардори Тоҷикистон саломатӣ таманно намуда, дар фаъолияти пурмасъулаш барору комёбӣ таманно кардалатаи болоии парлумони Русия
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Матвиенко дар паёми шодбошии худ саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон қайд кард.
"Ин натиҷа далели возеҳи сатҳи эътимод ва дастгирии васеи шаҳрвандон, далели эътирофи саҳми барҷастаи шумо дар таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Итминон дорам, ки ҲХДТ дар оянда низ таҳти раёсати шумо барномаҳои муҳими рушди иҷтимоъию беҳдоштии кишварро бомуваффақият амалӣ хоҳад кард", - омадааст дар номаи табрикотии Матвиенко.
Вай қайд кард, ки сенаторҳои Русия таваҷҷуҳи шахсии ӯро ба дипломатияи порлумонӣ махсусан қадр мекунанд ва омодаанд барои густариши равобити Русияву Тоҷикистон тамоми талошро ба харҷ диҳанд.
Дар идомаи матни нома чунин омадааст: "Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, ман шуморо ҳамчун сиёсатмадори хирадманду дурандеш, ки пайваста аз манфиатҳои миллии кишвараш ҳимоят мекунад, солҳои зиёд мешиносам. Ошкорбаёнӣ ва ғамхории шумо ба сарнавишти мардумро қадр мекунам".
Ёдовар мешавем, рӯзи 2 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуда буд.
Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, раиси Маркази интихобот ва раъйпурсӣ, 4,7 млн интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3% шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Дар интихоботи парлумони ҳизби ҳоким бо касби 51,9% овозҳо пирӯз шуд.
Бахтиёр Худоёрзода хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ курсиҳо дар порлумон дар рӯйхати ҳизбӣ чунин тақсим карда шуданд:
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – 12 курсӣ,
Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ,
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ,
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон -1 курсӣ
Ҳизби демократи Тоҷикистон – 1 курсӣ,
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон натавонист дар интихобот раъйи кофӣ бигирад ва ба ҳамин хотир аз гирифтани курси дар парлумони Тоҷикистон канор монд.