https://sputnik.tj/20250314/dabir-kull-smm-tojikiston-qirghiziston-ruydod-tarikhi-tabrik-guft-1066566245.html
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо рӯйдоди таърихӣ табрик гуфт
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо рӯйдоди таърихӣ табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Аз имзои созишномаи марз ва кушода шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо шаҳрвандони ин ду давлат, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ аз ин кор истиқбол карданд
2025-03-14T14:57+0500
2025-03-14T14:57+0500
2025-03-14T14:57+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
дабири кулли смм
антониу гуттериш
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102230/82/1022308206_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_4b7a03408389145f48e8ac8d461ef8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзи давлатӣ аз ҷониби руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон самимона истиқбол мекунад.Дар ин бора дар изҳороти Антониу Гутерриш дабири куллли созмони мазкур гуфта шудааст. Дабири кулл ду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт. Гутерриш ба раҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон, азму иродаи сиёсии онҳо барои бомуваффақият анҷом додани раванди музокироти дарозмуддат баҳои баланд дод. Ӯ ба ҳамкориҳои созандаи устувори ду кишвар барои таҳкими эътимоди мутақобила, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва дар маҷмӯъ минтақа изҳори умедворӣ кард.Ёдовар мешавем, ки президентҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷабборов созишнома дар бораи марзи давлатии байни ду кишварро имзо карданд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳи Қайроғоч дар вилояти Лейлек ва гузаргоҳи Қизил-Бел дар вилояти Бодканд дубора ба фаъолият шурӯъ карданд. Гузаргоҳҳо бо иҷозаи сарони давлатҳо ба фаъолият шурӯъ карданд. Зимнан, аз 14 март парвозҳо дар масири Душанбе-Бишкек аз сар гирифта шуд ва субҳи 14 март ширкати ватании "Сомон Эйр" як ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО -ро аз Душанбе ба Бишкек бурд."Сомон Эйр" нахустин парвоз аз Душанбе ба Бишкек анҷом дод - видеоИн ширкат хабар дод, ки сар аз 23 март ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар ин масир парвоз анҷом дода мешавад.
https://sputnik.tj/20250314/ahmadzoda-munosibatho-iqtisodi-qirghiziston-taqviyat-1066564172.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102230/82/1022308206_377:0:2837:1845_1920x0_80_0_0_c790ecbd8a2eb3da0ba42af535287204.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон гуттериш смм марз
тоҷикистон қирғизистон гуттериш смм марз
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо рӯйдоди таърихӣ табрик гуфт
Аз кушода шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо шаҳрвандони ин ду давлат хушҳолӣ карданд, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ аз ин кор истиқбол карданд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзи давлатӣ аз ҷониби руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон самимона истиқбол мекунад.
Дар ин бора дар изҳороти Антониу Гутерриш дабири куллли созмони мазкур гуфта шудааст.
Дабири кулл ду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт.
Гутерриш ба раҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон, азму иродаи сиёсии онҳо барои бомуваффақият анҷом додани раванди музокироти дарозмуддат баҳои баланд дод.
Ӯ ба ҳамкориҳои созандаи устувори ду кишвар барои таҳкими эътимоди мутақобила, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва дар маҷмӯъ минтақа изҳори умедворӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки президентҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷабборов созишнома дар бораи марзи давлатии байни ду кишварро имзо карданд.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳи Қайроғоч дар вилояти Лейлек ва гузаргоҳи Қизил-Бел дар вилояти Бодканд дубора ба фаъолият шурӯъ карданд.
Гузаргоҳҳо бо иҷозаи сарони давлатҳо ба фаъолият шурӯъ карданд.
Зимнан, аз 14 март парвозҳо дар масири Душанбе-Бишкек аз сар гирифта шуд ва субҳи 14 март ширкати ватании "Сомон Эйр" як ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО -ро аз Душанбе ба Бишкек бурд.
Ин ширкат хабар дод, ки сар аз 23 март ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар ин масир парвоз анҷом дода мешавад.